Дар эътирозҳо ба ёди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта чанд фаъоли қазоқро дастгир кардаанд. Асет Абишев ва Бибигул Имангулиева, фаъолони шаҳрвандӣ дар Алмаато хабар доданд, ки чанд соат дар боздошт буданд.
Ҳақназар Ғоиб, шоири шинохтаи тоҷик 80-сола шуд. Ӯ дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ягона фарзанд дар хонаҷодаи падар шеърнависиро аз замони наврасӣ оғоз кардааст.
Дар шаҳри Исфара алайҳи ду духтари ноболиғе, ки дар наворе ҳамсолашонро латтукӯб карда, ба дарё партофта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ боздошт шудаанд.
Дар пайи Вазорати корҳои хориҷӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам ширкати шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон рад кард.
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Кореяи ҷанубӣ ба ҷангалбурӣ машғуланд, мегӯянд, рӯзе то 100 доллари Амрикоӣ маош мегиранд. Онҳо бо ирсоли наворе ба Радиои Озодӣ аз шароити корашон нақл карданд. Муҳоҷирон мегӯянд, кору маошашон дар ин ҷо беҳтар аз Русия аст.
Эътирозҳои ошкору ниҳон ба зидди манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистон бештар мешаванд. Гурӯҳе ба нишони эътироз ба фармони Толибон китобҳои худро зери хок карда, иддае дигар акси ҷангҷӯёну асноди донишгоҳии худро ба оташ кашиданд.