Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Роҳи як замон серравуо ду сол боз бастааст. Ҳамсояҳое, ки дар суру мотами ҳамдигар шарик буданд, ҳоло аз сояи якдигар меҳаросанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Роҳи як замон серравуо ду сол боз бастааст. Ҳамсояҳое, ки дар суру мотами ҳамдигар шарик буданд, ҳоло аз сояи якдигар меҳаросанд. Чаро?
Додгоҳи олии Эрон ҳукми эъдоми се муттаҳамро, ки гуфта мешавад дар куштори як афсари амниятӣ нақш доштанд, бекор кард, аммо ҳукми қатли ду нафари дигарро дар ин парванда таъйид намуд.
Яке аз қароргоҳҳои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ноҳияи Есили шаҳри Остонаи он кишвар ширкати "Казахмис" соҳиб шудааст.
Котибаи як додраси пешинро, ки бо "ҳукмҳои сафед"-аш маъруф аст, вале ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба "қаллобӣ", "исрофкорӣ" ва "сохтакории далелҳо" гунаҳкор шудааст. Худаш ҳукмро ноодилона медонад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он латукӯби кӯдаки маъюбе аз сӯи як зан сабт шудааст. Корбарон мегӯянд, навор дар як маркази омӯзишии махсуси шаҳри Бишкеки Қирғизистон сабт шудааст ва зане, ки кӯдакро мезанад, корманди марказ аст.
Се корманди Раёсати умури дохилии Кӯлобро, ки масъули боздошти Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола буданд, дастгир кардаанд. Иттиҳоми зидди онҳо маълум нест. Мақомот расман хабар надоданд. Манобеъ мегӯянд, масъалаи шиканҷа матраҳ нест.
Мақомоти Ҷопон ба ҳар як кӯдаки хонаводае, ки аз минтақаи сераҳолитарини шаҳри Токио, пойтахти ин кишвар ба ҷойи дигар кӯч мебандад, то як миллион иен (тақрибан 560 ҳазор рубл) пардохт хоҳанд кард.
Се корманди Раёсати умури дохилии Кӯлобро, ки масъули боздошти Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола буданд, дастгир кардаанд. Иттиҳоми зидди онҳо маълум нест. Мақомот расман хабар надоданд. Манобеъ мегӯянд, масъалаи шиканҷа матраҳ нест.
Сафорати Амрико дар шаҳри Тошканд ба узбекистониҳое ҳушдор дод, ки тавассути хоки Мексика кӯшиши ворид шудан ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд.
Котибаи як додраси пешинро, ки бо "ҳукмҳои сафед"-аш маъруф аст, вале ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба "қаллобӣ", "исрофкорӣ" ва "сохтакории далелҳо" гунаҳкор шудааст. Худаш ҳукмро ноодилона медонад.
Мақомот гуфтанд, туфанги «Калашников», ки аз тири он як хонандаи мактаб дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) кушта шуд, ба Собир Тӯйчиеви 47-сола тааллуқ доштааст.
Ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо, ки шаби 2-юми январ боздошт шуда, дар шароити мармуз ҷон дод, дар оромгоҳи "Тамошотеппа"-и шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа фавтидааст, вале ВКД сабаби марги ӯро "истеъмоли зиёди як навъ маводи мухаддир" донист.
Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳристи нави варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ нашр кард, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошт.
Вазорати тандурустии Узбекистон ба дорухонаҳои ин кишвар дастур додааст, аз фурӯши ҳамаи доруҳое, ки ширкати "Quramax" дар соли 2022 ворид кард, худдорӣ варзанд.
Додгоҳи Урали Қазоқистон фаъоли мадании маъруф дар минтақа Аслан Утеповро, ки дар қаллобӣ ва даъват ба порадиҳӣ айбдор мешавад, ду моҳ ҳабс кард.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 3-юми январ дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" созишномаи имзошуда дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ бо Узбекистон ва қазияи обанбори "Кампиробод"-ро шарҳ додааст. Ба гуфтаи Жапаров, бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон барои сари қудрат омадан мехоҳанд аз қазияи обанбори Кампиробод "сӯистифода" кунанд. "Мехоҳам таъкид намоям, онҳое ҳам буданд ва ҳастанд, ки масъалаи обанборро барои мақсадҳои сирф худхоҳонаи худ истифода бурданд ва ҳоло ҳам кушиш мекунанд. Читать дальше...
Вазорати энержӣ ва захираҳои оби ҳукумати Толибон дар Афғонистон шартномаи хариди нерӯи барқ аз Узбекистонро барои як соли дигар тамдид кард. Ба иттилои "TOLOnews", Абдулатиф Мансур, иҷрокунандаи вазифаи вазири энержӣ ва захираҳои об дар ҳукумати Толибон рӯзи 2 январ аз Тошканд боздид кардааст. Ба гуфтаи ин мақомдори ҳукумати Толибон, қатъи нерӯи барқ дар шаҳри Кобул ва як қатор минтақаҳои дигари Афғонистон ба камбуди фаннӣ дар нерӯгоҳҳои Узбекистон рабт дорад. Абдулатиф Мансур гуфтааст, созишномаи... Читать дальше...