Додгоҳи Олии Тоҷикистон як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум кард. Хонандаи синфи 8-ум бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, “авбошӣ ва куштор”, гунаҳкор шинохта шудааст. Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодиса дар пайи як муноқишаи гурӯҳӣ байни хонандагони синфҳои 8 ва 9 -и як мактаби ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳам як муассисаи таълимии шаҳри Душанбе сар задааст. Занозании хонандагон дар рӯйи пули дарёи Элон, дар ноҳияи Рӯдакӣ, сурат гирифта, бо кордкашӣ анҷом ёфтааст. Читать дальше...
Самира Гавҳарӣ то ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, дар Донишгоҳи Кобул мехонд. Қонунҳои сахтгиронаи ин гуруҳи тундрав ӯро ҳам мисли аксар дигар духтарони ҳамсолаш аз таҳсил дар донишгоҳ маҳрум кард.
Дар як ҳамла, дар Байтулмуқаддас тақрибан 7 нафар кушта ва 10 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса шоми 27- январ дар ибодатгоҳ ё каниса дар минтақаи Неве- Яаков рух додааст. Бино ба навиштаи нашрияи "Jerusalem Post” ҳангоми берун шудан аз каниса як шахси номаълум ба сӯйи одамон тир кӯшодааст. Ҳамлагар сокини 21 солаи маҳаллаи фаласттинишини Батулмуқаддас буда, дар як тирпаронӣ аз сӯйи пулис кушта шудааст. Як фарзияи мақомот ин аст, ки ӯ ба гурӯҳи "Ҳамос" наздик буд. Пулис ин амалро яке аз даҳшатноктарин... Читать дальше...
Сару садоҳои он ки баромадани муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия аз ин кишвар манъ шудааст, ҳарчӣ бештар мешаванд. Чанд муҳоҷири тоҷику қирғиз дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз он шикоят карданд, ки ба онҳо иҷоза дода нашуд, аз Русия берун раванд.
Баъд аз таҳримҳои сахт интиқоли молу коло ба воситаи Русия акнун тақрибан номумкин гаштааст. Кишварҳои манфиатдор дар пайи таҳкими масирҳои нави боркашонӣ миёни Чин ва Аврупоянд. Дар ин нақшаи нав Тоҷикистон ё ҷой надорад ва ё ҷойгоҳи хеле маҳдуд насибаш мегардад.
Баъд аз таҳримҳои сахт интиқоли молу коло ба воситаи Русия акнун тақрибан номумкин гаштааст. Кишварҳои манфиатдор дар пайи таҳкими масирҳои нави боркашонӣ миёни Чин ва Аврупоянд. Дар ин нақшаи нав Тоҷикистон ё ҷой надорад ва ё ҷойгоҳи хеле маҳдуд насибаш мегардад.
Озарбойҷон эълон кард, ки кормандони сафораташро аз Эрон ба берун мебарад.
Додгоҳи Русия рӯзи 25-уми январ фаъолияти боз як созмони ҳомии ҳуқуқи башар -- "Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав"-ро манъ кард. Ба қавли додрас, созмон берун аз чорчӯби муайяншуда кор бурдааст.