Дар натиҷаи як фоҷиа дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон се кӯдак зери оби яхбаста монда ба ҳалокат расидаанд.
Дар пайи интишори гузоришҳо дар бораи “ дастдарозӣ ва зӯроварии ҷинсӣ” ба аъзои дастаи “Намозгузорони Машҳад”, Ҳамид Саҷҷодӣ, вазири варзиш ва ҷавонони Эрон дастур додааст, то ин гузоришҳоро таҳқиқ кунанд.
Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯянд, ҳудуди 1000 тонна маъдани хом ва ё сангҳои қимматбаҳоеро аз дасти қочоқбарон гирифтанд, ки дар таркибаш “литиум” як моддаи кимиёвии бозоргир ва зарурӣ барои истеҳсоли телефону компютеҳоро дорад.
Ҳукумати Эрон рӯзи 22-уми январ гуфт, ки ба амалкарди Порлумони Аврупо, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро гуруҳи террористӣ номид, посухи муносиб медиҳад.
Тазоҳурот дар шаҳри Стокҳолм ба зидди Туркия ва саъйи Шветсия барои пайвастан ба НАТО, аз ҷумла бо оташ задани нусхае аз китоби Қуръон, сабаби авҷ гирифтани таниш байни ду кишвар шуд. Он ҳам дар замоне, ки Шветсия барои вуруд ба НАТО ба ҳимояти Туркия, яке аз аъзои муҳими он эҳтиёҷ дорад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баъди таҳқиқи шикояти Ҷумҳурии Узбекистон аз сифати ду маводи дорувори истеҳсоли ширкати ҳиндии Marion Biotech - шарбати Амбронол ва ДОК-1 Макс (AMBRONOL ва DOK-1 Max) фурӯш ва истеъмоли онҳоро дар қаламрави кишварҳои узви ин ташкилоти вобаста ба СММ манъ кард.
Хадамоти назорати давлатии тандурустии Тоҷикистон мегӯяд,то кунун дар кишвар ягон ҳолати марг аз истеъмоли доруҳои истеҳсоли ширкати ҳиндии «Марион Биотек»-ро сабт накардааст. Ширкати ҳиндӣ доруҳоеро ба мисли Doc 1 MAX истеҳсол мекунад, ки ахиран дар Узбекистон аз истеъмоли он 20 кӯдак фавид.
Вазорати дифои Русия рӯзи 21-уми январ гуфт, дар шаҳри Маскав шеваҳои рафъи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва муассисаҳои давлатиро тамрин кардаанд.