Бо кори онҳое ошно бишавед, ки ҳаракату зиндагии садҳо ҳазорон нафарро дар Душанбе осон мекунанд ва пойтахти Тоҷикистонро покиза нигаҳ медоранд. Бо кори яке аз роҳрӯбони Душанбе дар рӯзҳои сербарфи зимистон хабарнигорони Радиои Озодӣ ошно шуданд.
Дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки на ҳама хоҳиши берун шудан аз хонаҳои гармро доранд, заноне ҳам ҳастанд, ки аз субҳ то шом дар кӯча кор мекунад. Онҳо занони роҳрӯб ҳастанд, ки баъзан аз соати 3-и шаб барои покиза кардани кучаҳо ба берун мебароянд, то сокинон бидуни мушкил равуо кунанд.
Дар Афғонистон, ки баъди омадани Толибон ба сари қудрат ҳолаш табоҳ шуд, баъзе аз хонаводаҳои серфарзанд мегӯянд, омодаанд як ҷигарбандашонро бифурушанд, то дигариро наҷот бидиҳанд. Сарнавишти талхи яке аз ин оилаҳо дар вилояти Ғӯрро инҷо бубинед.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳамкоронашон дар Русия хостаанд, парвандаи пурсарусадои як зани тоҷикро, ки ба қатли як ҳамкораш дар Маскав муттаҳам мешавад, холисона тафтиш кунанд.
Сармои қаҳратун, ки мардуми гармидӯстдори Тоҷикистонро ба танг овардааст, мақомотро маҷбур кард, таътили зимистона дар кӯдакистону мактабҳои миёнаро то чанд рӯзи дигар дароз кунанд. Вазорати маориф рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ таътили зимистонаи хонандагон тамдид карда шуд.” Таътили зимистона ва даҳрӯза дар мактабу кӯдакистонҳои Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ оғоз ёфт... Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ Содир Ҷабборов як суҳбати телефонӣ анҷом додааст, ки аломате аз нармӣ дар муносибатҳои сарди байни ҳамсоякишвар дониста мешавад.
Дилноза Маматова дар ду соли гузашта хобро ба қавле дар хобаш мебинад. Панҷгоникҳо намегузоранд, ки чашмонашро бибандад. Яке бесабаб мегиряд, дигарӣ аз гуруснагӣ. Саввумӣ шӯху ноором аст.
Ду соли пеш дар ҳамин шабу рӯз дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё омад. Волидайни тифлон мегӯянд,бо бузург шудани кӯдакон ташвиши онҳо камтар нашудааст ва парасторияшон бо мушкил даст медиҳад.