Ҷӯрақул Ҳайдарови 67-сола як ҳафта боз барои гирифтани 600 сомонӣ ёрии якдафъаинае, ки барои оилаҳои камбизоат ваъда шудааст, саргардон аст. Дар ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ӯ гуфтаанд, ки маблағро ба корти бонкияш мегузаронанд.
Дар Тоҷикистон қонуни дар бораи ватандӯстӣ (патриотизм) қабул ва барои риоя накарданаш ҷавобгарӣ пешбинӣ шуд. Намояндагони порлумон ва ҳукумат "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"-ро барои худшиносии сокинон муҳим хонданд. Мунтақидон таҷрибаи кӯҳна ва бозмонда аз Шӯравии собиқ донистанд.
Вазорати энержии Узбекистон сокинонро аз эҳтимоли хомӯш кардани нерӯи барқ дар ҳафтаи оянда хабар дод.
Дар Тоҷикистон қонуни баҳсбарангезро дар бораи ватандӯстӣ қабул карда, барои риоя накарданаш ҷавобгарӣ пешбинӣ намуданд. Намояндагони порлумон ва ҳукумат “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро барои худшиносии сокинон муҳим хонданд. Мунтақидон таҷрибаи кӯҳна ва бозмонда аз Шӯравии собиқ донистанд.
Парвандаи марги Айкоркеми 4-сола, ки дар ҳодисаҳои январии соли 2022 дар Қазоқистон аз тири силоҳ кушта шуд, баста шудааст. Дар ин бора падари Айкоркем хабар дод.
Мавлавӣ Абдулҳамид, раҳбари пурнуфузи сунниҳои Эрон, дар суханронии нави худ бори дигар аз амалкарди раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ интиқод кард.
Пойгоҳи “EastFruit”, ки ба таҳлили бозори меваву сабзавот машғул аст, навиштааст, сармои шадид ба замин ва кори боғдорон мушкил эҷод мекунад.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2023, ки аз 25-ум то 31-уми январ дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Пизишкони тоҷик бо анҷоми амалиёти, ба гуфтаашон, нодир дар Тоҷикистон ду тифли бо ҳам пайванд ё часпидаро аз бадани якдигар ҷудо карданд, вале танҳо яке аз онҳо зинда монд. Навзоди солимро Саёҳат ном ниҳоданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи котибаи додраси маъруф ба "ҳукми сафед"-ро шарҳ дод.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон рад кард. Як рӯз пеш Додситони кулли Қазоқистон гуфт, дар бетартибиҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён ширкат доштанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон изҳороти Додситонии Қазоқистонро дар бораи даст доштани қирғизистониҳо дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 рад кард.
Додситонии кулли Қазоқистон Берик Асилов мегӯяд, собиқ вазири дифои ин кишвар Мурод Бектанов дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 "фармонҳои ғайриқонунӣ содир карда, иншооти стратегии низомиро бе муҳофизат гузоштааст". Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов 5 январ дар порлумони он кишвар дар бораи ҳодисаҳои хунини "январӣ" ҳисобот дод. Ӯ гуфт, Бектанов бо гумони сӯиистифода аз мақом дар вазъияти ҷангӣ дар зиндон аст. Ба гуфтаи Асилов, маъмурони интизомии Қазоқистон ҳанӯз пеш аз фармони... Читать дальше...
Таътили зимистона дар мактаб ва донишгоҳҳои Узбекистон то 17--уми январи имсол тамдид карда шуд. Дар ин бора Вазорати маорифи Узбекистон хабар додааст. Таътили зимистона дар муассисаҳои таълимии Узбекистон мебоист 9-уми январ ба поён мерасид ва дарсҳо 10-уми январ шуруъ мешуданд. Вазорат тамдиди таътилро ба номусоидии бодуҳаво ва якбора сард шудани ҳаво дар рӯзҳои 10-15-уми январ рабт додааст. Дар боғчаҳои Узбекистон низ аз 10 то 18 январ таътил эълом шудааст.