Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 25-уми январ дар як ҷаласаи видеоӣ гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар ин кишвар аз 17 то 14 дарсад поин рафтааст.
Боз шудани марзи Чин ба рӯйи хориҷиҳо даҳҳо соҳибкорро дар Тоҷикистон хушҳол кардааст. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, се соли охир ба сабаби баста будани сарҳаду гузаргоҳҳо наметавонистанд, молҳои худро саривақт аз Чин дастрас кунанд.
Созмони Милали Муттаҳид кӯшиш мекунад, ки Толибон қарори манъи кор ва таҳсили занону духтаронро дар Афғонистон бекор кунанд.
Ҳафтаи равон дар Қазоқистон ошхонаҳои тезтайёри McDonald’s дубора фаъол шуданд, вале ба ҷойи номи маъруф дар лавҳаҳо ба забонҳои қазоқиву русӣ навишта шудааст, ки “Мо боз шудем”.
Боз шудани марзи Чин даҳҳо соҳибкорро дар Тоҷикистон хушҳол кардааст. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, се соли ахир бо сабаби баста будани марз наметавонистанд молҳои худро саривақт дастрас кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабар надодаанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ба Душанбе расонда шудааст ва сарнавишти ӯ чӣ хоҳад шуд.
Ду корманди Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба гумони шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Остона ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.
Мудири созмони варзишҳои обии ҷаҳонӣ, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн Ал-Мусаллам, раиси Федератсияи байнулмилалии кураш, сардори Департаменти Бозиҳои осиёии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Усома Ал-Шафар, ки ба Душанбе омадаанд, 25-уми январ бо масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқот карданд. Чунонки сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳо миёни Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд. Читать дальше...
Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 26-уми январ баррасии шикояти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро аз рӯйи қарори Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар дар бораи бастани сомонаи радио оғоз кард.
Тағйирот ба Кодекси андоз (молиёт), ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо чанд имтиёзро дар назар гирифтааст, дар аввали моҳи январи имсол нашр шуд.
Тағйирот ба Кодекси андоз (молиёт), ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо чанд имтиёзро дар назар гирифтааст, дар аввали моҳи январи имсол нашр шуд.
Муовини пешини сарвазири Қирғизистон, Жениш Раззоқов, дар шаҳри Бишкек дастгир шудааст.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов омодагиро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши босуръати хонасозӣ шикоят ҳамчунон зиёд аст, ки зӯри аксарият барои хариди ҳадди ақал як хонаи дуҳуҷраӣ намерасад. Солҳои охир сохтмони биноҳои бузург дар бисёре аз шаҳрҳо идома дорад, вале аксарият мегӯянд, барои хариди як хонаи хурд бояд даҳсолаҳо кор кунанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз се рӯзи ҳодиса гуфт, ки сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз "истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард" дар қурутоб "дилбеҳузур" шудаанд.
Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон, даъвои Вазорати фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони он кишварро нисбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ шарҳ дод.
Дар Узбекистон 17 447 корманди вазоратҳо ва идораҳоро кам мекунанд. Дар ин бора президенти он кишвар рӯзи 25-уми январ фармон имзо кардааст. Дар маҷмуъ 24 дарсади теъдоди умумии кормандони вазоратҳо ва идораҳои Узбекистон кам хоҳад шуд. Бино ба фармони президенти он кишвар, теъдоди муовинони роҳбарони вазорату идораҳо аз 207 ба 144 расонида хоҳад шуд. 703 мошин ва 10 бино холӣ карда мешавад. Дар шарҳи фармони президенти Узбекистон омадааст, аз ҳисоби коҳиши теъдоди корманд ва мошинҳо ҳудуди 140 млн доллари буҷа сарфа хоҳад шуд. Читать дальше...
Дар моҳҳои оянда қимати бензин дар Қирғизистон мумкин аст, 5-6 сом арзонтар шавад. Дар ин бора Оҷонси давлатии зиддиинҳисории он кишвар хабар медиҳад. Дар ин ниҳод гуфтанд, қимати сӯзишвории дизелӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд. Ба иттилои оҷонси зиддиинҳисорӣ, қимати бензини навъи Аи-92 айни замон 59 сом аст. Дар моҳи декабр 60 сомро ташкил медод. Қимати сӯзишвории дизелӣ ҳоло 74 сом аст, дар моҳи декабр 75 сом буд. Моҳи августи соли 2022 воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар Қирғизистон гуфтанд, сӯзишвории дизелӣ бояд гарон карда шавад. Читать дальше...