Вакилони Қазоқистон қонунеро беэътибор карданд, ки хешовандони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқро аз масуният маҳрум ва роҳро барои ҷазо додани онҳо боз мекунад. Вакилон рӯзи 13-уми январ бо қабули қарор гуфтанд, дигар Қонун дар бораи раиси ҷумҳури аввалин (элбасӣ) аз эътибор соқит аст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад. Ба иттилои Хадамоти алоқа, аз ду миллион симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 800 ҳазораш ҳанӯз фаъол аст.
Бунёди бинои нави истиқоматӣ дар канори хонаҳои чаҳорошёна дар як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд боис ба норизоятии мардум шуд. Сокинон мегӯянд, ширкати "Нури Дар-Дар" иҷозаи мақомотро ба даст оварда, вале назари мардум ва зарфияти маҳалларо ба эътибор нагирифтааст.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба пуштибонӣ аз зиндониёни сиёсӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маъракаи "WithoutJustCause"-ро оғоз кард.
Мақомоти Чин гуфтаанд, дар як моҳи охир дар ин кишвар тақрибан 60 ҳазор кас аз бемории коронавирус ҷон бохт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 14-уми январ навишт.
Холид Задрон, сухангӯйи пулиси Толибон дар Кобул, рӯзи 15-уми январ гуфт, Набидзода ҳамроҳи муҳофизаш дар маҳаллаи Аҳмадшоҳ Бобо аз тарафи афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расид. Вай афзуд, бародари Набидзода захмӣ шуд.
Ҳунарманд, коргардон ва ходими иҷтимоӣ, Вахтанг Кикабидзе, дар 84-солагӣ дар Гурҷистон даргузашт. Дар ин бора рӯзи 15-уми январ шабакаи телевизионии Гурҷистон гузориш дод.
Вазорати адлияи Русия даъво дорад, ки Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав танҳо дар пойтахти Русия сабтином шуда, вале фаъолияташро берун аз ҳудуди он ба роҳ мондааст.
Дар Эрон муовини собиқи вазири дифоъ Алиризо Акбариро, ки ба ҷосусӣ ба нафъи Бритониё гумонбар буд, эъдом карданд. Ӯ шаҳрвандии Бритониё ва Эронро дошт.
Мақомот гуфтанд, ҳодиса рӯзи 15-уми январ дар шаҳри истироҳатии Покҳара рӯй дод.
Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин шабу рӯз аз бекорӣ, сармо ва нархи гарони маҳсулот азият мекашанд. Навор дар охири ҳафтаи гузашта сабт шуд.
Ширкати миллии лӯлаи нафти Қазоқистон эълон кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 тавассути низомҳои лӯлаи нафти ширкати русии "Транснафт" ба Олмон 300 ҳазор тонна нафт интиқол медиҳад.