Дар қароре, ки бо имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми сентябр содир шуд, сабабро «гузаштан ба кори дигар» гуфтанд, вале ҳеч шарҳе надодаанд, ки чӣ кор.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр бо қароре Шавкат Бобозодаро аз мансаби раиси Оҷонси содирот барканор кард, вале сабаби тасмимро нагуфт.
Тоҷикистон барои кумак ба аҳолии муҳтоҷи Афғонистон 1000 тонна орд фиристодааст.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки рӯзи 29-уми сентябр дар Кувайт баргузор шуд, аз тими миллии Узбекистон ба ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Пас аз эълони сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, ҳазорон нафар ин кишварро тарк карданд. Бештари онҳо ба Осиёи Марказӣ паноҳ оварданд, ки бо Русия низоми раводид (виза) надоранд.
Бо онки рӯзҳои охир теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия дар гӯшаҳои Тоҷикистон дида мешаванд, Вазорати корҳои дохилӣ намегӯяд, ки пас аз оғози “мобилизатсия” чӣ қадар аз шаҳрвандони Русия ба кишвар омаданд. Мардум дар бораи тарзи мизбонӣ аз онҳо баҳс доранд.
Додситон аз додгоҳ хостааст, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзноманигори шинохтаро ҳашт сол зиндонӣ кунанд. Парвандаи хабарнигор рӯзи 29-уми сентябр пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққатӣ баррасӣ шуд. Наздикон ва хабарнигорон ба он роҳ наёфтанд.
Иёлоти Муттаҳида бомбаборони Эронро дар минтақаи Курдистони Ироқ “ҳамлаи шармовар ба тамомияти арзии он кишвар” хонду маҳкум кард.
Додситон (прокурор, айбдоркунандаи давлатӣ) аз додрас (судя) хостааст, ки рӯзноманигори боздоштшуда Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 сол зиндон маҳкум кунад. Мақомот Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаҳои ҳокимият муттаҳам мекунанд, аммо худаш дар бозпурсӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ рад кардааст.
Урсула вон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, бастаи таҳримҳои навро алайҳи Русия пешниҳод кард.
Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни мардон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-27-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир гардид, дар ёздаҳ вазн ва муштзанҳои Узбекистон дар ду вазни дигар ғолиб шуданд. Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ, рӯзи 29-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори аввал баргузор шуд, 87 варзишгар аз Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карда, дар сездаҳ вазн рақобат карданд". Читать дальше...
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе масъалаи пахши навори таблиғӣ дар Ютуб ва гирифтани маблағ аз як соҳибкори тоҷик дар Миср баррасӣ шудааст.
Яке аз вакилони шинохтаи Қирғизистон, Адахон Мадумаров, аз порлумони ин кишвар хостааст, рафтори Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллиро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Тошиев бар хилофи қонун ба маҷлисгоҳи вакилони мардумӣ аслиҳа овардааст.
Вакилони порлумони Қирғизистон барои таҳқиқи берун бурдани 19 тонна тило аз ин кишвар комиссияеро ташкил карданд.
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфт, шаҳрвандонеро, ки пас аз эъломи басеҷ кишварро тарк мекунанд, рӯйхат хоҳанд кард.
Эътирозҳо дар шаҳру вилоятҳои Эрон, ки 16-уми сентябр, баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола шуруъ шуда буданд, ҳанӯз ҳам идома доранд.
Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст.
Мувофиқи созишномае, ки миёни нерӯҳои мардумӣ, президенту Шӯрои олӣ ва ҳукумат ҳосил шуда буд, бояд тамоми моликияти Ҳизби коммунист то рӯзи номнавис шуданаш миллӣ кунонида мешуд.
Ин суханон бештар иборат аз худситоӣ ва лофҳои газоф аст ва гоҳе албатта бо воқеият ҳамхонӣ дорад.