Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки дар робита ба авҷгирии сафари русиягиҳо ба Қазоқистон бо ҷониби Русия гуфтугӯ хоҳад кард.
Додситонии кулли Қирғизистон дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи он кишвар тафтиш анҷом ва ошкор кардааст, ки ба 82 донишҷӯи он донишгоҳ дипломи қалбакӣ додаанд.
Алӣ Каримӣ, яке аз ситорагони футболи Эрон, бо тарафдорӣ ва садо баланд кардан ба ҳимоят аз тазоҳургарон дар кишвар мақомоти расмиро ба хашм овардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон сафири Русия дар он кишвар Михаил Гулизинро ба вазорат даъват кард.
Ба дунболи фармони "мобилизатсия" ё басеҷи нерӯҳои мусаллаҳ дар Русия, шумораи шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон якбора афзудааст.
Қазоқистон шаҳрвандони Русияро, ки аз басиҷи низомӣ фирор кардаанд, ба Русия истирдод намекунад. Дар ин бора рӯзи 27-уми сентябр вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Ахметҷонов хабар дод.
Як созмони мухолиф дар Қирғизистон истеъфои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиевро талаб кардааст.
"Душанбе Сити" баъди сар задани нуқси техникӣ хидматрасониро ба кортҳои бонкии "Мир"-и Русия бас кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.
Дар ҳафт моҳи имсол додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ 3,2 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба як сол пеш ҳафт баробар камтар аст. Ду ҳамсояи наздик солҳо боз барои таъини марз баҳс доранд, вале дар пайи муноқишаи хунини соли 2021 дарвозаҳоро ба рӯйи ҳам бастаанд.
Амрико ва чанд ҳампаймони ғарбияш пешниҳод кардаанд, ки Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар пайванд ба бадрафтории эҳтимолии Чин бо уйғурҳо ва ақаллияти дигари мусулмон дар Шинҷон як баҳси вижа даъват кунад.
Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзи давлатӣ 26-уми сентябр дар ҷаласаи навбатии худ санадеро имзо карданд.
Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 6-13-уми октябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт доир мегардад, ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» дастаҳои Баҳрайн, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 27-уми сентябр, бо тими миллии Баҳрайн баргузор мешавад. Футболбозони тоҷик 29-уми сентябр бо мунтахаби Узбекистон ва 1-уми октябр бо дастаи Туркманистон бозӣ хоҳанд кард. Зимнан, дастаи мунтахаби... Читать дальше...
Барои иштирок дар озмуни байналмилалии "NASA Space Apps 2022" сабти ном оғоз шудааст. "Гӯшаи амрикоӣ" дар Душанбе бо нашри хабарномае иттилоъ додааст, ки ҳакатони бузургтарин дар ҷаҳон дар Душанбе рӯзҳои 1-2 октябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд қаблан худро дар сомонаи ин озмун сабтином кунанд. Дар хабарнома гуфта шудааст, "Space Apps ин чорабинии ҷаҳонӣ барои барномасозон, илмомӯзон, тарроҳон, ҳикоянависон, созандагон, технологҳо ва ғайра дар шаҳрҳои саросари ҷаҳон аст... Читать дальше...
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ба қоидаҳои додани иҷозати зисти муваққат ё доимӣ барои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар он кишвар тағйирот ворид кунад. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар сомонаи "Open NLA" нашр шудааст. Тибқи тағйиру иловаи пешниҳодӣ, ҳангоми дархости иҷозати зист дар Қазоқистон бояд шиносномаи хориҷӣ пешниҳод карда шавад, зеро бар асоси банди 13-и қонун "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият", Қазоқистон танҳо шиносномаи хориҷиро эътироф кардааст. Ин лоиҳаи... Читать дальше...
Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сатибалдӣ, бародарзодаи президенти пешин Нурсултон Назарбоевро барои 6 сол зиндонӣ кард. Бародарзодаи Назарбоев дар азхудкунии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистон айбдор мешуд. Худи ӯ пештар дар додгоҳ ғорати маблағҳои ширкатҳоро эътироф карда буд. Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13 марти имсол Кайрат Сатибалдиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Читать дальше...
Ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон дар муноқиша дар сарҳад нафақат шоҳиди ҷангу хисорот гардид, балки сокинонаш мегӯянд, чандин рӯз ба шаҳр низ рафта натавонистанд. Рӯзи 14-уми сентябр байни сарҳадбонони ду кишвар дар Ворух сар зад ва вазъи ин минтақа нигаронкунанда мондааст.
Ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон дар муноқишаи ахири сарҳадӣ нафақат шоҳиди ҷангу хисорот гардид, балки сокинонаш мегӯянд, чандин рӯз ба маркази Исфара низ рафта натавонистанд.