Қасри Букингем шоми 8-уми сентябр эълон кард, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II дар 96-солагӣ даргузашт.
рӯзноманигор Анора Саркорова рӯзи 7-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Як манбаи Радиои Озодӣ 8-уми сентябр иттилоъро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод.
Расонаҳои давлатии Туркманистон рӯзи 8-уми сенятбр навиштанд, мактаб барои 540 хонанда пешбинӣ шуда, номи Махдумқулиро мегирад.
Ҳизби "Амонат"-и Қазоқистон президенти амалкунанда ва роҳбари пешини ин ҳизб Қосимҷомарт Тоқаевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад мекунад.
Cокинони водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз вазъи бади ягона роҳ байни ин минтақа ва маркази кишвар шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, баъди зери об мондани қисме аз роҳ мақомот барояшон масири нав кушоданд, вале "ба ягон меъёр ҷавобгӯ нест".
Маҷористон талаби берун кардани се сарватманди русро аз рӯйхати таҳримҳои зидди Маскав рад кард.
Размандагони курди таҳти ҳимояти Амрико дар Сурия дар яке аз урдугоҳҳое, ки наздикони ҷангҷӯёни ДОИШ зиндагӣ мекунанд, амалиёти фарогиреро оғоз кардаанд. Дар ин урдугоҳ дар ҷанубушарқи Сурия ҳанӯз ҳам даҳҳо зани тоҷик нигаҳ дошта мешаванд.
Размандагони курди таҳти ҳимояти Амрико дар Сурия дар яке аз урдугоҳҳое, ки хонаводагони ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ зиндагӣ мекунанд, амалиёти фарогиреро ба зидди аъзои ин гуруҳ оғоз кардаанд. Дар ин урдугоҳ дар ҷанубушарқи Сурия ҳануз ҳам даҳҳо занони тоҷик нигаҳ дошта мешаванд.
Мақомот дар Душанбе "даробаро"-и мошинҳоро аз минтақаҳои атроф ба пойтахт маҳдуд кардаанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ин вазъ ба кору тиҷорати онҳо халал расонд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, тасмим муваққатист ва ба маъракаҳои бахшида ба 31-умин солгарди истиқлол дар Душанбе пайванд дорад.
Бино ба иттилои охирин, 1 миллиону 118 ҳазор қирғизистонӣ дар кишварҳои хориҷ муҳоҷир ҳастанд.
Киштии "Шаҳризода", ки дар Италия ба ҳабс гирифтанд, бо харҷи 583 миллион евро сохта шудааст. Ин киштӣ аз рӯи ҳуҷҷатҳо ба раиси пешини ширкати "Роснефт" Эдуард Худайнатов тааллуқ дорад.
Тоҷикистон 31 сол пеш истиқлол ба даст овард. Назарпурсии он замон нишон дода буд, ки аксари мардум тарафдори дар ҳайати Шӯравӣ мондан ҳастанд, Солҳои ахир назарҳо дигар шудааст. Хабарнигори Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ки мафҳуми истиқлол чист?
Зубайдуллои Розиқро дар зиндон танбеҳ додаанд; Роҳҳоро дар Душанбе бастанд, барои омодагӣ ба ҷашн; Поксозии урдугоҳе дар Сурия ва макони занони тоҷик; Заршӯӣ дар он тарафи Панҷ, дар ин тараф мунтазири иҷоза; Овозхонӣ дар роҳи Душанбе-Рашт ва орзуи бузург.
Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 7-уми сентябр муҳокимаи парвандаи ҳокими пешини ин вилоят шуруъ шуд. Баҳромҷон Ҳайдаров ба ғорати пулҳои буҷа муттаҳам мешавад.
Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола, узви пешини раёсати ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро дигарбора ба утоқи ҷаримавии зиндон андохтаанд. Мақомот ӯро ба таълими динӣ гунаҳкор карданд. Пайвандонаш мегӯянд, "ҳақиқат надорад".
Шумораи аҳолии Қирғизистон ба 6 миллиону 977 ҳазор расидааст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори он кишвар хабар дод.
Мақомот дар Душанбе "даробаро"-и мошинҳоро аз минтақаҳои атроф ба пойтахт маҳдуд кардаанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ин вазъ ба кору тиҷорати онҳо халал расонд.
Ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки гадоҳоро дар хиёбонҳои Кобул боздошту номнавис кардаанд ва ба онҳо ҳушдор додаанд, ки гадоиро бас кунанд.
Оё Душанбе метавонад, истиқлолу сиёсати хориҷии бисёрсамтаро дар воқеиятҳои геополитикии нав нигоҳ дорад ва марҳилаи нави истиқлоли Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли кишвар аз мардум хост, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ба қавли ӯ, фаъолона саҳм гузоранд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод барои дарёфти ҷоизаҳои Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, дар шаҳри Душанбе бо ширкати 77 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар даҳ вазн миёни мардон доир гардид. Ҳамаи ғолибон варзишгарони Душанбе мебошанд: 57 кг - Зиёдулло Ҳукуматов, 61 кг - Муҳаммад Наимов, 65 кг - Комрон Холов, 70 кг - Алиризо Баҳромов, 74 кг - Саидасан Ашрафхонов, 79 кг - Муҳаммадамин Абдуллоев... Читать дальше...
Сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки шояд дар солҳои наздик парвози мустақими ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Амрико роҳандозӣ шавад.
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бар ин назар аст, ки кишварҳои Ғарб нисбати Русия сиёсати "нодуруст" ва "иғвогарона"-ро пеш гирифтаанд.
Як кӯдаки 4-сола дар вилояти Фарғонаи Узбекистон аз боғча фирор карда, дар дарёча ғарқ шудааст.
Фаъоли қирғизистонӣ Эмил Бекиевро аз Русия ихроҷ карданд. Рӯзи 7 сентябр ӯро ба КДАМ Қирғизистон оварда, дар барангехтани адовати миллӣ айбдор карданд. Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон гуфтанд, Бекиев "бо нашри матолиби иғвогарона адоват бармеангехт". Рӯзи 6 сентябр ӯро аз Русия бо айби "вайрон карани тартиби будубош ва анҷом додани фаъолияти зидди Русия" ихроҷ карданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ як мусоҳибаи Эмил Бекиевро бознашр карданд, ки дар он вай аз сиёсатҳои ҳукумати Қирғизистон интиқод мекунад. Читать дальше...