Раёсати иттилоот ва иртибототи Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро дар бораи он ки сарҳадбонони қирғиз ба деҳаи Сомониён аз миномёт оташ кушодаанд, рад кард ва мегӯяд, сокини ин деҳа дар минае таркидааст, ки марзбонони Тоҷикистон дар наздикии марз гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, вазъ дар марзи миённи ду кишвар то соати 21:00-и 26 сентябри соли 2022 муътадил буда, ҷониби Қирғизистон созишҳои дуҷонибаи бадастомадаро эҳтиром ва риоят мекунад ва аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад... Читать дальше...
Дар рӯзҳои охир наздик ба 40 ҳазор шаҳрванди Русия тавассути Қазоқистон ба кишварҳои дигар рафтаанд. Самти асосии сафари шаҳрвандони Русия Қирғизистон ва Узбекистон будааст.
Эътирозҳо дар шаҳру вилоятҳои Эрон идома доранд. Дар наворҳо дида мешавад, ки пулиси Эрон ба самти тазоҳургарон тир меандозад.
Тифлеро, ки шаби 16-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар Чашмасори Чоркӯҳ ба дунё оад, Сулҳия ном гузоштаанд. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад.
Муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷони даҳҳо нафарро рабуд. Дар шабе, ки ба деҳаҳои марзӣ тир меборид, дар миёни маргу зиндагӣ дар як хонаводаи сокини Чоркӯҳ тифл ба дунё омад. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад, тифлро Сулҳия ном гузоштанд.
Дар ин бора Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон, рӯзи 26-уми сентябр хабар дод.
Борону сели чанд моҳи охир дар он кишвар боис ба марги тақрибан 1600 кас шуда, ҳазорҳоро нафари дигарро бехонаву дар кардааст. Ҳукумати Покистон имкон надорад, ба ҳамаи зарардидагон ёрӣ расонад.
Дар Эрон эътироз ва даргириҳо миёни тазоҳургарону нерӯҳои амниятӣ ба хотири марги Маҳсо Аминӣ шадидтар мешавад. Дар ҷараёни тазоҳурот даҳҳо кас куштаву садҳо нафар захмӣ ва боздошт шудаанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 25-уми сентябр гуфт, Толибон шонздаҳ намояндаи гурӯҳҳои хориҷиро ба 8 вилоят дар шимоли ин кишвар фиристодаанд. Дар хабарномаи Ҷабҳа омадааст, ин маълумотро як манбаи огоҳ дар ихтиёри онҳо гузошт.
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон шаби гузашта ҳам идома кард ва бо вуҷуди онки мақомот гуфтаанд, саркӯби тазоҳургаронро сахттар мекунанд.
Равшанбек Собиров, вакили пешин ва раиси ҷомеаи тоҷикони Қирғизистон, дар бораи истеъфояш аз мансаби раиси Оҷонси миллии сармоягузории он кишвар изҳори назар кард.
Бар асари тирпарронӣ дар як мактаби миёна дар Ижевски Русия 13 нафар, аз ҷумла 7 хонандаи мактаб, ду маъмури амният ва ду омӯзгор кушта шудаанд.
Сокинони деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябр бар асари зарбаи мушакӣ як нафар захмӣ шудааст.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нуктаҳои дигари санадеро шарҳ дод, ки рӯзи 25-уми сентябр миёни раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо шуд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи IV бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 23-25-уми сентябр дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”-и шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, ҳашт медал (ду тило, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд, аммо манбаъҳои Озодӣ гуфтанд, Бобозода ба қаллобии махсусан калон гумонбар аст. Назари вазири пешин, вакил ва наздикони ӯ ҳанӯз дастрас нашудааст.
Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон, аз мақомаш барканор шудааст.
Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 23-юми сентябр дар чаҳорчӯби тарҳи қонуни афви гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар санадеро таҳия ва барои баррасии умум пешниҳод кардааст.
Беш аз 80 ҳазор сокини вилояти Бодканди Қирғизистон, ки дар пайи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷои амн кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои худ бармегарданд. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, дар умум 136 ҳазору 770 сокини Бодканд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст. Манбаъ афзуд, ки то имрӯз 1 ҳазору 435 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони ин вилоят фиристода шудааст. Дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон 613 хонаи шаҳрвандони Қирғизистон осеб дидааст. Мақомоти қирғиз ваъда додаанд... Читать дальше...
Ҳамаи билетҳои парвозҳои мустақим аз шаҳри Москва ба шаҳрҳои Боку, Тошканд ва Ереванд 21 сентябр баъди эъломи президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷсозӣ харидорӣ шудаанд. Нархи билети парвоз аз Москва ба Тошканд рӯзи 22 сентябр то ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ расида буд. "Агар мехоҳед, аз фурудгоҳи "Внуково" ба Тошканд парвоз кунед, нархи билет 603 ҳазору 50 рубл аст. Довталабони сафар ба Тошканд хеле зиёд аст. Аз субҳ то ҳол беш аз 200 кас барои билет занг задааст", - изҳор дошт блогери узбек Фарҳод Темиртирнаков... Читать дальше...
Ихтиёриёни ҳаракати минтақавӣ барои ҳарчи зудтар гузаштан аз марзи Русия автобусҳо, таксиҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто иҷораи дучархаҳоро ташкил кардаанд. Бахши тоторӣ-бошқирии Радиои Озодӣ бо истинод ба онҳое, ки марзи Русия ва Қазоқистонро убур мекунанд, навиштааст, "се рӯз мешавад, одамон барои гузаштан аз марзи Русия ва Қазоқистон дар гузаргоҳи "Караозек" дар вилояти Астрахан соатҳо навбат мепоянд". Дар гузаргоҳҳои марзии Русия бо кишварҳои дигаре, ки бо онҳо низоми бидуни раводид амал мекунад, вазъи ҳамсон мушоҳида мешавад. Читать дальше...
Дар ин рӯз роҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба канда шудани ҳайкали Ленин дар Душанбе ва рақсу бозӣ кардани ҷонибдорони мухолифин дар болои он гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.