Чӯпонҳои тоҷик бештари фасли солро дар минтақаҳои баландкӯҳ ва камодам пушти сар мекунанд. Хайма, ки онро аз ҷое баҷое зуд-зуд мекӯчонанд, ҷойи зисти онҳост. Саг ҳамроҳи доимии онҳост, ки дар нигоҳубини бузу гусфандон кумак мерасонад. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба водии Яғноби ноҳияи Айнӣ сафар кард ва аз зиндагии чӯпонҳо ин филмро омода намуд.
Дар натиҷаи инфиҷор дар дохили як мактаб дар Ҳилманд чор нафар кушта ва се тан захмӣ шудааст. Мақомоти Толибон дар Ҳилманд гуфтаанд, ки мактаббачагон бо як мушаки нотаркида бозӣ кардаанд ва он таркидааст. Дар миёни кушташудаҳо ду нафар духтарон низ будаанд. Дар Афғонистон, ки беш аз чил сол боз ҷанг давом дорад, солона даҳҳо нафар аз минаҳо ё тирҳои нотаркида кушта мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, фармони даъвати ҷавонон ба сафи артишро имзо кард, вале ҳамзамон аз бархе шаҳру навоҳӣ хабар мерасад, ки мақомот талоши бо зӯр ҷалб кардани ҷавононро доранд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 1-уми сентябр дар як паёми ғайримунтазирае ба порлумон хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.