Беҳном Бонӣ, овозхони шинохтаи эронӣ, ба Тоҷикистон омадааст, то рӯзи 3-юми сентябр дар Душанбе ба таври “зинда” консерт бидиҳад. Пеш аз он ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух гуфт.
Беҳном Бонӣ, овозхони шинохтаи эронӣ, ба Тоҷикистон омадааст, то рӯзи 3-юми сентябр дар Душанбе ба таври “зинда” консерт бидиҳад. Пеш аз он ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух гуфт.
Муҳлати ҳабси раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай ду моҳи дигар, то 12-уми октябри имсол дароз карда шуд.
"Фикр мекунам, ин кӯшиши поин бурдани нақши порлумон ва ба як ниҳоди заиф табдил додани он аст. Лоиҳаи қонунро хонед. Қоидаҳоро кор карда баромадан ва қабул кардан лозим аст. Ин ягона қонуни мост, ки порлумон тибқи он кор мекунад"
“Дар арафаи иду ҷашнҳо барои расонидани кумак фармон медиҳанд. Меравем, мегӯянд, барои Шумо нест, барои маъюбҳо аст. Ҳамин қадар ҷавоб мешунавем. 2-3 соли дигар нерӯи кориву фурсат ҳаст. Ният дорам, ба Русия равам, шаҳрвандӣ гирам, ба нафақа бароям.”
Самӣ Шарифзода иштирокчии ҷанги Афғонистон аст. Ӯ моҳи марти соли 1981 ба сафи нерӯҳои Шӯравӣ даъват шуда, ду сол дар Афғонистон ҷангидааст. Давлати Тоҷикистон ба ӯ ҳамчун иштирокчии ҷанг "таъмини дараҷаи шоистаи зиндагӣ"-ро кафолат медиҳад, вале Шарифзода мегӯяд, кофӣ нест.
Сокинони маҳаллии Самарқанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр аз ноҳияҳои ҳамсоя нерӯҳои иловагии Горди миллии Узбекистон ҷалб карда шудааст.
Шаҳрия Аҳтамзод рӯзи дувуми сентябр 70-сола шуд ва ба ин баҳона ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи шеъру ҷанги дохилӣ ва рӯзгори пур печу хамаш посух дод.
Шоир Шаҳрия Аҳтамзод, муаллифи “Ашки шақоиқ”-у “Зан дар асорати танҳоӣ”, рӯзи дувуми сентябр 70-сола шуд ва ба ин баҳона ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи шеъру ҷанги дохилӣ ва рӯзгори пур печу хамаш посух дод.
Раисҷумҳури пешин ва муовини президенти Аргентина Кристина Киршнер аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Хабаргузории "Reuters" иттилоъ дод, ки ҳамлагар боздошт шуда, аммо ангезаҳои ҳамла дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Фаъоли маданӣ аз шаҳри Семейи Қазоқистон Фарит Ишмуҳаметов, ки моҳи январи имсол дастгир шуда буд, 1-уми сентябр аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи якуми сентябр дар паёми ғайриунтазира ба порлумон хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд. Коршинос мегӯяд, президент Тоқаев мехоҳад, саҳифаи нави таърихи Қазоқистонро боз кунад.
Бузургтарин нуқтаи фурӯши адабиёти динӣ дар шаҳри Душанбе баста шудааст. Мақомот масъаларо шарҳ намедиҳанд, аммо мегӯянд, муваққатӣ аст.
Созмони Милал аз кишварҳои сармоядор даъват кард, ки ба Покистон дастикам 160 миллион доллар кумаки фаврӣ расонанд.
Баста шудани дуконҳои китоби динӣ дар назди масҷидҳои Душанбе, ҳадафи Президент Тоқаев аз даъвати интихоботи пешакӣ дар Қазоқистон, кишти такрории зироатҳо дар вилояти Хатлон ва зодрӯзи шоираи тоҷик Шаҳрия Аҳтамзод.
Муҷибурраҳмон Ансорӣ, хатиби масҷиди ҷомеи Гузаргоҳи шаҳри Ҳироти Афғонистон, ки дар гузашта зидди мақомоти Тоҷикистон ҳам изҳорот дода буд, рӯзи 2-юми сентябр дар таркише дар масҷид кушта шудааст.
Муовини пешини шаҳрдори Бишкек Азат Узоқов, ки бо гумони даст доштан дар фасод боздошт шуда буд, шартан озод шудааст.
Мақомоти Амрико гуфтанд, тарзи қабули паноҳҷӯёни афғонистониро тадриҷан тағйир дода, бо роҳи нисбатан осонтар, шумораи бештари онҳоро дар хоки худ ҷой хоҳанд дод.
Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардаанд. Пайвандонаш беасос медонанд. Созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” дар хориҷа фаъол аст, аммо дар қаламрави кишвар мамнуъст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр гуфт, ин тасмим ду сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гирифта шудааст.
Амрико гузориши Созмони Милалро, ки дар он аз эҳтимоли даст ба ҷиноят алайҳи башарият задани ҳукумати Чин дар Шинҷон сухан меравад, хуш пазируфт.
Филми “Братан”-и коргардони машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаровро рӯзҳои 2 ва 3-юми сентябр дар Ҷашнвораи Венетсия намоиш намедиҳанд.
Нахустин урдугоҳ барои беҷошудагон ва паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар хоки Тоҷикистон ва дар наздикии марз бо Афғонистон сохта шуд.
Нахустин урдугоҳ барои беҷошудагон ва паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар хоки Тоҷикистон ва дар наздикии марз бо Афғонистон сохта шуд. Дар маросими ифтитоҳи он рӯзи 1-уми сентябр мақомоти расмӣ ва намояндагони идораи паноҳҷӯёни Созмони Милал ҳузур доштанд.
Мамадбек Атобеков, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон, рӯзи 1-уми сентябр дар хонааш дар Маскав дастгир шудааст. Наздиконаш иддао доранд, ки "маъмурони интизомии Русия ҳамроҳи ду намояндаи Тоҷикистон омада буданд" ва аз эҳтимоли истирдодаш ба Душанбе нигаронанд.