Ҳукумати вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз пайомади даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ хостааст, ба ҳодиса баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд.
Мақомоти Қирғизистон рӯзи 18-уми сентябр гуфтанд, ки талафоти он кишвар дар даргирии мусаллаҳона дар сарҳад бо Тоҷикистон ба 46 нафар расидааст. Пештар ин шумораро 24 кас гуфта буданд.
Пас аз марги ҳомии ҳуқуқи башар, Маҳсо Аминӣ, садҳо нафар дар пойтахти Эрон ба кӯчаҳо баромаданд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки раҳбараш узви порлумон аст, дар баёнияе шумори кушташудаҳоро дар низои марзӣ бо Қирғизистон 60 нафар ва захмиёнро садҳо нафар номид. Даргирӣ рӯзҳои 14-17-уми сентябр рӯй дод.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон 19-уми сентябрро дар кишвараш "рӯзи мотами миллӣ" эълон кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, муноқишаи маргборро дар марз бо Қирғизистон баррасӣ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин хабарномаи худ бобати муноқиша дар марз бо Қирғизистон, ҷараёни соат ба соати воқеаҳои се рӯзи гузаштаро тасвир ва кишвари ҳамсояро ба "таҷовузи мусаллаҳона" ва "тирандозӣ дар тамоми хати марз" айбдор кард.
Чаҳор сарбози тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шудаанд, дар зодгоҳашон, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дафн карданд. Маросими видоъ бо онҳо рӯзи 18-уми сентябр баргузор шуд.
Ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, яке аз саҳнаҳои даргирии рӯзи 16 сентябр будааст. Ба гуфтаи сокинони ҷамоат, “муноқиша асосан дар маҳаллаи марзии Баҳор гузашт” ва “дар натиҷа, зиёда аз даҳ нафар куштаву захмӣ шуда, дастикам 5 ҳавлӣ осеб дид ва як мағоза пурра сӯхт”.
Ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, яке аз саҳнаҳои даргирии рӯзи 16-уми сентябр будааст. Ба гуфтаи сокинон, “муноқиша асосан дар маҳаллаи марзии Баҳор гузашт” ва “дар натиҷа, зиёда аз даҳ нафар куштаву захмӣ шуда, дастикам 5 ҳавлӣ осеб дид ва як мағоза пурра сӯхт”.
Додгоҳи олии Русия 14-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард. Баъд аз 7 соли муроҷиатҳои Тоҷикистон. Муомилаи сиёсӣ, ё сабаби дигар?. Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Абдусаттор Бобоев, узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ баҳс мекунанд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, рӯзи 18-уми сентябр ҷасади 12 каси дигарро ба шифохонаҳои Бодканд овардаанд ва бо ин шумораи умумии кушташудаҳо дар ҷараёни даргирӣ дар марз бо Тоҷикистон ба 36 кас расидааст.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико (Департаменти давлатӣ) гуфт, хабари даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон онҳоро нигарон кардааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, барои оташбаси дарозмуддат вориди гуфтугӯ шаванд. Оташбасе, ки ду тараф борҳо ба он даст ёфтанд, вале ба гуфтаи худашон “дер напоид”.