Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи 48-уми байнулмилалии “King’s Cup 2022” тими миллии Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст дод ва барандаи “Ҷоми Шоҳ-2022" шуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон ҷанг миёни нерӯҳояшонро дар вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ карданд. Намояндагони ду ҷониб иддаои “пешравӣ” доранд, вале тасдиқи дурустии онҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Як овозхони хиёбонӣ дар роҳи Душанбе-Рашт бо сурудхонӣ табъи роҳгузаронро болида месозад ва аз ҳамин ҳисоб рӯзӣ меёбад. Убайдулло Ҳусейнов ба сабаби тангдастӣ натавонист, таҳсил кунад, аммо мегӯяд, аз орзуи овозхони бузург шудан даст накашидааст.
Тазоҳурот пас аз эълони қисман сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш бо пуштибонии гурӯҳи мухолифи "Весна" ва тарафдорони сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний шуруъ шуд.
Мақомҳои маҳаллии Толибон рӯзи 25-уми сентябр аз вуқӯи таркиш дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшони он кишвар, хабар доданд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон хабар надоданд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки ду тараф кори ҳашт посгоҳро дар сарҳад бозмедоранд.
Хабаргузории "Тасним", вобаста ба Сипоҳ, гуфтааст, нерӯҳои Эрон пойгоҳи гурӯҳи ҷудоиталаби курдро дар шимоли Ироқ заданд.
Шаҳбоз Шарифов ё "Шон МС”, рэпсарои маъруфи тоҷик, пас аз як муддат хомӯшии суолбарангез баъди таронаи "Демократия" ва суҳбаташ дар ин бора, дигарбора бо "Раҳи кандагӣ" аз худ дарак дод.
Тоҷикистон мехоҳад, барои узвияти муваққатӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар солҳои 2028-2029 номзадии худро пешбарӣ кунад.
Дар ҳоле ки эътирозҳо ба хотири марги Маҳсо Аминӣ 9 рӯз боз дар Эрон идома дорад, созмони ҳуқуқи башари ин кишвар мегӯяд, илова бар кушташудагон, садҳо нафари дигар захмӣ ва ё дастгир шудаанд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон беш аз 40 сокини одӣ кушта ва 200 ғайринизомии дигар захмӣ шудаанд.