Чанд манбаи боварбахш рӯзи 3-юми ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон идома дорад ва дар се рӯзи охир даҳҳо нафар маҷбуран ба Афғонистони зери итоати Толибон фиристода шудаанд. Мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд.
Достон Усмонов, човандози ҷавоне, ки як навори чолокиаш дар шабакаи YouTube милионҳо бинандаро ба ҳайрат андохтааст, мегӯяд, ба сабаби тангдастӣ наметавонад машғулияти дӯстдоштаашро давом диҳад.
Дар як хабари ғайримунтазирае раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эълон кард, ки "ба рухсатӣ" мебарояд. Дар шабакаи Телеграм-каналаш раҳбари Чеченистон, ки мавриди ҳимояти Кремлин аст, навишт, мақомашро барои як "рухсатии номуайян ва тӯлонӣ" канор мегузорад. Хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба ҳамин саҳифаи Қодиров навишт, ки раҳбари Чеченистон худро "як раҳбари дарозумр дар миёни дигар минтақаҳои Федератсияи Русия" номида гуфтааст, ки дар фикри тарки мақом мебошад. "15 сол шуд раҳбарии ҷумҳуриро ба ӯҳда дорам. Читать дальше...
Дар заминҳои обии ноҳияи Данғара, ки ҳосили аввалаш – гандумро бардоштанд, моҳи август бояд кишти такрорӣ сурат мегирифт.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри акси маҳбуси фирорӣ аз сокинон хостааст, дар ивази ҷоизаи пулӣ хабари ҷои буду боши ӯро ошкор кунанд.
СММ аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон тақозо кард, ки иттиҳомҳои марбут ба издивоҷи маҷбурӣ ва озори як донишҷӯи риштаи тибро аз ҷониби як мақоми собиқи Толибон, ки маҳкумияти бисёр сокинони кишварро ба бор овард, таҳқиқ кунанд. Изҳороти ҳайати СММ дар Афғонистон рӯзи 2 сентябр нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 30 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори видеоие бо симои духтараке мечархад, ки худро Илоҳа Диловозай, донишҷӯи риштаи тиби шаҳри Кобул ва духтари як генерали бознишастаи афғон муаррифӣ мекунад. Читать дальше...
Сафири Русия дар СММ гуфт, ин ки ҳеҷ як аз 56 узви тими ҳукумати Русия ба раҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров барои ширкат дар ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк визаи ИМА-ро дарёфт накардааст, “ташвишовар” аст. Василий Небензя дар номае ба унвонии дабири кулли СММ навишт, ки бо назардошти ин ки дар чанд моҳи гузашта чунин раводидро ҳеҷ як узви ҳайате аз Русия барои ширкат дар ҷаласаҳои дигари СММ ҳам дарёфт накардааст, вазъият бештар “ташвишовар” мешавад. Ӯ гуфт, ки аризаҳои дарёфти визаи амрикоиро барои ширкат дар мулоқотҳои СММ... Читать дальше...
Рӯзи 3-юми сентябр ҳазорҳо нафар барои ширкат дар маросими видоъ бо президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев рафта буданд, ки ӯро меъмори ислоҳоти калидии поёни қарни 20 меноманд. Президенти Русия Владимир Путин намоишкорона дар ин маросим ширкат накард ва Кремлин гуфт, ки ӯ дунболи корҳои нақшавиаш рафтааст. Тобути Горбачевро зери парчами Русия дар толори таърихии Колоннии шаҳри Маскав гузоштанд. Аз замони шӯравӣ маъмулан маросимҳои видоъ бо раҳбарони калони давлат дар ҳамин толор ташкил мешуд. Читать дальше...
Додгоҳи олии Русия 14 сентябр дархости Додситонии кулли Русияро барои “террористӣ” шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
Роза Отунбоева нахустин зан, як мусалмон ва ҳам аввалин намояндаи Осиёи Марказӣ шуд, ки дар мақоми бонуфузи сафири СММ дар Афғонистон кор хоҳад кард
Бо як қарораш Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоеваро ба мақоми намояндаи вижаи СММ дар умури Афғонистон таъин кард.
Мақомот дӯконҳои фурӯши адабиёти диниро дар маркази шаҳри Душанбе бастаанд. Масъулони Кумитаи дин қазияро шарҳ надоданд, аммо як намояндааш гуфт, ки "муваққатӣ аст".