Тоҷикистон ба Покистон, ки бар асари сели вайронгар зарари молӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дид, беш аз се ҳазор тонна ёрии башардӯстона фиристод. Кумакҳоро тавассути хоки Афғонистон ба маконҳои офатзада мерасонанд.
Чанде аз вакилон дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки барои кӯдакозорон ҷазои эъдом таъйин шавад. Ин пешниҳод рӯзи 7-уми сентябр ва баъди ошкор шудани таҷовуз ба номуси хонандаи мактаб дар ноҳияи Қадамҷои он кишвар садо дод.
Аъзои кумисюни таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи июл дар Қарақалпоқистони Узбекистон дар боздоштгоҳ бо Давлатмурод Тоҷимуродов мулоқот кардаанд. Тоҷимуродов яке аз чеҳраҳои асосии ҳаводиси моҳи июл дониста мешавад. Маълум нест, мулоқот кай гузаштааст.
Созмон ба ҳамлаҳои шохаи маҳаллии ДОИШ ба ақаллияти шиамазҳаби ҳазора ишора кардааст.
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтаанд, талош доранд, аз такрори сели харобиовар дар ҷамоати Шуҷанди ноҳияи Рӯшон пешгирӣ кунанд.
Дар Душанбе баррасии парвандаи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммад Султон), рӯзноманигор ва маъмури пешини амният, сар шуд. Рӯзи аввали мурофиа 7-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт гузашт.
Оҷонси омори Русия мегӯяд, аз аввали имсол беш аз 400 ҳазор нафар ин кишварро тарк кардаанд. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳазор бештар будааст.
Расонаҳои давлатии Сурия рӯзи 6-уми сентябр аз ҳамлаи мушакии Исроил ба фурудгоҳи байнулмилалии Ҳалаб хабар доданд. Дар як ҳафтаи охир ин дувумин ҳамла будааст.
Созмони Милали Муттаҳид гуфт, борону сели харобиовар вазъи башарӣ ва беҳдоштиро дар Покистон “бисёр бад” кардааст.
Узви Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон Шавкат Утемисов гуфт, президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳақ дорад, ки дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад шавад.
Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. Дар даври понздаҳуми мусобиқа дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд. «Гулистон»-и шаҳри Гулистон бар «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 2:1, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар «Моҳир»-и Ёвон бо ҳисоби 3:2 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Як бозӣ бо ғалабаи мизбонон хотима ёфт. «Ҳосилот»-и Фархор «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадониро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Як бозӣ мусовӣ шуд. «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бозиро бо дастаи меҳмон ... Читать дальше...
Маликаи Бритониё Елизаветаи II вазирони нави ҳукумати сарвазир Элизабет Трассро тасдиқ кард. Трасс дар интихобот барои роҳбарии Ҳизби муҳофизакори Бритониё пирӯз шуд ва рӯзи 6-уми сентябр сарвазири он кишвар гардид.
Радиои Озодӣ чанде пеш гузориш дод, ки 80%-и мардони як деҳа дар Турсунзода ба муҳоҷират рафтаанду кору ташвиши зиндагӣ ба дӯши занону пирон уфтодааст. Гулӣ Раҳимоваи 46-сола яке аз онҳост. Ӯ худро ҳам мард ва ҳам зани хонавода мешуморад ва рӯзгорашро ба Радиои Озодӣ нақл кард. Дар навор бинед.
Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 6-уми сентябр дар нишасти Шӯрои Амният ба зарурати поёни даргириҳо дар атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Запороже таъкид кард.
Шуруъ аз 6-уми сентябр арзиши билети қатораи "Душанбе-Тошканд-Душанбе" 20 дарсад пойин омад. Ин тасмим дар пайи гуфтугӯи намояндагони ширкатҳои "Роҳи оҳани Узбекистон" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гирифта шудааст. Қатораи Душанбе-Тошканд аз 20 июни соли ҷорӣ ба гардиш даромад. Дар сомонаи "Роҳи оҳани Узбекистон" арзиши билети Тошканд-Душанбе наздики 44 доллар нишон дода шудааст. Фосилаи байни Душанбеву Тошканд 916 километр аст. Қатора ин роҳро дар 21 соат мепаймояд.
Дар як соли охир дар саросари Қирғизистон барои Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) он кишвар қариб 50 бинои нав сохта шудааст. Дар ин бора раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев хабар дод. Тошиев гуфт, "ба КДАМ таваҷҷуҳ намешуд ва кормандони ин ниҳод дар маҳалҳо дар хонаҳои мардум, дар биноҳои дигарон ва ё китобхонаҳо кор мекарданд". "Ҳатто як бино барои КДАМ сохта нашуда буд. Аз соли гузашта мо ин умурро ба даст гирифтем, дар саросари кишвар наздики 50 бино сохта шуд, қариб 150 мошин ва... Читать дальше...