Раҳпаймоие, ки рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон шуруъ шуд, дар минтақаҳои дигар ҳамовозӣ ёфт ва баъдан ба хушунат печид.
Эътирозҳо дар Қазоқистон тақрибан як ҳафта пеш ба далели боло рафтани нархи гази моеъ дар шаҳри нафтии Жанаозен оғоз ёфтанд. Баъдан одамон ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои дигари Қазоқистон баромада, аз сиёсати ҳукумати худкома ибрози норозигӣ карданд.
Мақомот гуфтанд, теъдоди зиёди сайёҳон шаби 7 ба 8-уми январ ба сабаби барфбории шадид дар Мурри, шарқи вилояти Панҷоб, банд монданд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ занро бо гуноҳи иштирок дар ҷанг дар Афғонистон ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот ба таври расмӣ тафсилоти парвандаҳоро ошкор намекунанд. Манобеи огоҳ аз парвандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин занонро тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда буданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январ гуфт, ки тарабхонаи “Яккасарой” дар Душанбе ба сабаби беназорат гузоштани “кондитсионер” сӯхтааст.
Баҳси “Гапи озод” ба ҳамин масъала бахшида мешавад ва меҳмонони барнома Боир Саидов, коршиноси минтақа аз беруни Тоҷикистон ва таҳлилгар Абдумалик Қодиров аз Душанбе даъват шудаанд.
Маҳсо Ҷалол, ки худро духтари Файзулло Ҷалол муаррифӣ кардааст, рӯзи 8-уми январ дар Твиттер навишт, намедонад падарашро ба куҷо бурданд. Вай аз мардум хостааст, садояшро ба созмонҳои ҳуқуқи башар бирасонанд.
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 8-уми январ хабар дод, ки 4266 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷиро ба идораи пулис бурдаанд. Дар баёнияи расмии вазорат гуфтаанд, "дар яке аз рустоҳои вилояти Алмаато беш аз 100 нафар дастгир шуд."
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта мардумро танқид кард, ки барои истифода аз телефону Интернет дар даҳ соли охир 30 миллиард cомонӣ (қариб 3 миллиард доллар) харҷ кардаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Мадина Мамадҷонова, зани ҷавоне, ки пас аз чаҳор моҳи беҳушӣ дар бемористон даргузашт, "дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд латукӯб ва буғӣ шуда буд".
Чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ аз тамоси раҳбаронашон бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хабар доданд, аммо аз Назарбоев чизе нагуфтанд.
Тоҷикон мегӯянд, "маҷбурем бо наздикони ғарибамон интернетӣ сӯҳбат кунем". Ин вокуниш ба суханони Президенти Тоҷикистон аст, ки гуфта буд, тоҷкон миллиардҳо сомниро барои сӯҳбатҳои интернетӣ масраф мекунанд
Давлати Эрон дар изҳороти нав дархости Канада ва кишварҳои дигарро дар бораи пардохти товон ё ҷуброн ба бозмондаҳои қурбониён нодида гирифтааст.
Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, шумори гирифторони бемории коронавирус дар ҷаҳон рӯзи 7-уми январ аз марзи 300 миллион гузашт.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 7-уми январ бори дигар нигаронии Вашингтонро дар бораи таҳаввулоти Қазоқистон ва дахолати нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба раҳбарии Русия дар ин кишвар иброз дошт.
Карим Масимов, аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, дастгир шудааст. Хабари боздошти ӯро рӯзи 8-уми январ дар сомонаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон нашр карданд.
Дар Қазоқистон, тазоҳуроти мардум ба зидди болоравии нархи гази моеъ, ки рӯзи 2-уми январ оғоз ёфт, ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил ёфт ва ба хунрезӣ печид. Чӣ сабаб шуд, дар кишвари сарватмандтарини Осиёи Марказӣ эътироз сар занад.
Чӣ сабаб шуд, ки дар кишвари амнтарину сарватмандтарини Осиёи Марказӣ эътироз сар занад? То куҷо эътирозҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт? Посух ба ин суолҳо дар навор аст.