Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде аз раҳбарони, ба истилоҳ, ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро “сардори гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ” номидааст, ки ба гуфтаи ӯ монеи кори дурусти мақомот мешаванд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров иддаои Алишер Мирзонаботро рад кард.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи 12-уми январ, баъд аз шӯришҳои маргбори ҳафтаи гузашта, ба Алмаато, пойтахти куҳна ва маркази эътирозҳо рафт.
Ҳукумати Исроил гуфтааст, ба паноҳҷуёни афғон, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳудуди 500 ҳазор доллар мадад мекунад.
Нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия дигарбора боло рафта, боиси ташвиши сокинон шудааст. Муштариён мегӯянд, агар ҳафтае пеш билети парвоз аз Душанбе ба Маскав 3-3,5 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло то 5-6 ҳазор сомонӣ расидааст.
Имрӯз, 12-уми январ, дар қароргоҳи паймони низомии НАТО дар Брюссел гуфтугӯҳои амниятӣ миёни кишварҳои аъзои ин паймон ва Русия оғоз мешавад.
Боҷи гумрукии қисмҳои эҳтиётӣ афзоиш ёфт. Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ин болоравии боҷи гумрукӣ аз ҳисоби муштариён ҷуброн мешавад.
Низоми маорифи Тоҷикистонро чӣ гуна метавон ислоҳ кард?
Болоравии нархи билети Маскавро бо гирифтани патенти кор рабт додаанд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифӣ
Мақомот мегӯянд, Қосим Сатторов ҳангоми талаби пули барқ дар ноҳияи Панҷ аз косахонаи сару бинӣ осеб дидааст. Ҷониби дигар шарҳе надоданд. Ҳодиса 7-уми январи имсол рӯй дода, дар он сокини ноҳия Саидбурҳониддин Ғиёсов ва пайвандонаш гумонбаранд.
Дар Қирғизистон мавридҳои нахустини гирифторӣ ба навъи "омикрон"-и коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Ойгул Жумаканова, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод.
Президенти Қазоқистон рӯзи 11-уми январ дар мулоқот бо аъзои нави ҳукумати кишвараш гуфт, ки маоши вазирон, вакилон ва роҳбарони минтақаҳо дар 5 соли оянда нахоҳад афзуд.
Дар як ҳафтаи охир бештар аз 15 миллион кас дар саросари дунё ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ин нишондоди болотарин дар тамоми давраи мавҷудияти коронавирус аст.
Сайёра Даштӣ, ҳамсари Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва яке аз ёрони Аҳмад Масъуд, мегӯяд, дар бораи шеваи қатли шавҳараш ба дасти Толибон иттилои дақиқ дорад, вале бартарӣ медиҳад, ки онро баъдан дар ихтиёри расонаҳо бигузорад.
Сайёра Даштӣ, ҳамсари Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва яке аз ёрони Аҳмад Масъуд, мегӯяд, дар бораи шеваи қатли шавҳараш ба дасти Толибон иттилои дақиқ дорад, вале бартарӣ медиҳад, ки онро баъдан дар ихтиёри расонаҳо бигузорад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов субҳи имрӯз, 12-уми январ, барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо мунтахаби Гурҷистон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай – Тифлис парвоз кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми январ дар Тифлис баргузор мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдонӣ дохил шудаанд. Читать дальше...
Кумитаи давлатии омори Узбекистон хабар дод, ки то 1 январи соли 2022 аҳолии ин кишвар ба 35 млн 271 ҳазору 276 кас расидааст. Аз ин теъдод 17,9 млн (50,7%) дар шаҳрҳо ва 17,4 млн (49,3%) дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Кумитаи омор хабар дод, ки 1 январи соли 2021 аҳолии Узбекистон 34 млн 558 ҳазору 900 касро ташкил медод. Дар соли 1991 аҳолии он кишвар аз 20,6 млн кас иборат буд. Ба ин тартиб, дар 30 соли охир аҳолии Узбекистон бештар аз 15 млн афзудааст.
Як мансабдори ҳукумати Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон ҳушдор додааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳои Афғонистонро баргардонанд.
Пулиси Бритониё шабнишинии пинҳониеро таҳқиқ мекунад, ки ба навиштаи расонаҳо, дар ҳудуди қароргоҳи ҳукуматии сарвазири он кишвар Борис Ҷонсон, дар давраи маҳдудиятҳои шадиди марбут ба пешгирӣ аз коронавирус, ташкил шудааст. Расонаҳо навиштанд, ин шабнишинӣ 20 майи соли 2020 ташкил шуда, эҳтимол, дар он Борис Ҷонсон ҳамроҳ бо ҳамсараш ширкат варзидааст. Телевизиони ITV рӯзи душанбеи 10 январ матни даъватнома ба шабнишиниро нашр кард, ки аз номи котиби шахсии Ҷонсон - Мартин Райнолд ирсол шудааст. Читать дальше...
Дар обанбори Токтогули Қирғизистон рӯзи 11--уми январ сатҳи об ба 9,8 млрд метри мукааб расид. Ин пойинтарин сатҳ дар чанд соли охир дар обанбори Токтогул аст. Як соли пеш сатҳи об дар Токтогул 11,7 млрд метри мукаабро ташкил медод. Дар соли 2021 сатҳи об дар обанбори Токтогули Қирғизистон ба пойинтарин сатҳ расид ва буҳрони энержиро дар он кишвар ба вуҷуд овард. Доскул Бекмурзоев, вазири энержии Қирғизистон моҳи ноябри соли 2021 гуфта буд, ки бо назардошти талаботи сокинон ба неруи барқ, мумкин аст... Читать дальше...
Ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро пас аз ду моҳ аз ҳуҷраи ҷаримавӣ (ШИЗО)-и маҳбаси шаҳри Ваҳдат озод кардаанд.