Бино ба иттиллои расмӣ, соли 2022 барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва сохторҳои он дар умум бештар аз 21 миллиону 100 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад.
Дар соли дуввуми хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 фарҳанги Тоҷикистон ба мисли як соли қабл талафоти бузург дид. Як зумра ҳунармандону коргардонҳо ва адибони машҳур дунёи фониро падруд гуфтанд, ки ба эътиқоди соҳибназарон барои фарҳанги кишвар ҷуброннопазир аст.
Дар соли дуввуми хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 фарҳанги Тоҷикистон ба мисли як соли қабл талафоти бузург дид.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, шаш “роҳзани мусаллаҳ”-ро дар вилояти ҷанубушарқии Систону Балучистон куштаанд. Дар баёнияи расмии сипоҳ аз рӯзи 1-уми январ омадааст, ки ҳангоми даргирӣ бо ин гуруҳи мусаллаҳ се басиҷӣ, аз ихтиёриёни шарики Сипоҳи Посдорон ба ҳалокат расидаанд ва камаш панҷ “роҳзан”-и дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вилояти Систону Балучистон, яке аз вилоятҳои фақиртарин ва ноороми Эрон дар марзи Покистону Афғонистон ҷойгир аст ва дар он гуруҳҳои қочоқбару ифротӣ зиёданд.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил мавзеъҳои гуруҳҳои тундравро дар Навори Ғазза ҳадаф гирифтаанд ва баъди онки аз як минтақаи фаластиниён ба Исроил мушак андохтаанд. Артиши Исроил рӯзи 2-уми январ дар Твиттер хабар дод, ки зарбаҳои мушакӣ ба манотиқи таҳти контроли Ҳамос посух ба ду мушаке буд, ки аз Навори Ғазза партоб шуда ва Баҳри Миёназамин дар наздикиҳои Тел Авив фуруд омадаанд. Ба гуфтаи артиши Исроил, онҳо ба як коргоҳи мушаксозӣ ва посгоҳи низомии Ҳамос зарба задаанд. Гузорише дар бораи талафот нарасидааст. Читать дальше...
Тимҳои хоккейи навҷавонони Русия ва Чехияро ба сабаби риоят накардани муқаррарот аз як ҳавопаймои Канада берун кардаанд. Қарор буд, онҳо қабл аз Соли нав парвоз кунанд, вале ба сабаби напӯшидани ниқоби тиббӣ ба аъзои ҳарду даста амр додаанд, ки аз ҳавопаймо берун шаванд.
Сирояти коронавирус ба кормандони зиёди ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаб шуд, ки парвози ҳазорон ҳавопаймо дар рӯзҳои идонаи солинавӣ лағв карда шавад. Flightaware.com, ки парвози ҳавопаймоҳо дар саросари ҷаҳонро мушоҳида ва сабт мекунад, хабар дод, ки то нимарӯзи 1-уми январ парвози 4600 ҳавопайморо лағв кардаанд. Нисфе аз парвозҳои лағвшуда ба ширкатҳои амрикоӣ тааллуқ доранд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки сирояти коронавирус ба ҳадде суръат гирифтааст, ки аз замони оғози пандемия то кунун дида нашуда буд. Читать дальше...
Як коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ - ниҳоди зертобеи президент аз қонуни нави даъват ба артиш интиқод карда гуфтааст, ин қонун метавонад барои соҳаи маориф ва илм “оқибатҳои пешгӯинашаванда ва фалокатбор» ба бор орад.
Дар Хуҷанд, яке аз калонтарин ошхонаҳои ин шаҳр рӯзи 2-уми январ оташ гирифт. Ошхонаи “Баҳори Аҷам”, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷойгир аст, тақрибан соатҳои 11 ҳамин рӯз оташ гирифтааст. Дар видеоҳое, ки теъдоде аз корбарони Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса фиристоданд, дида мешавад, ки дуди ғализи сафед аз боми бино ба осмон мепечад ва мардуми зиёде дар наздикии бино ҷамъ омадаанд. Оташнишонҳо низ машғули фӯру нишондани оташ ҳастанд ва мошини ёрии таъҷилӣ ҳам дар ҷойи ҳодиса дида мешавад. Читать дальше...
Дар Хуҷанд, яке аз калонтарин ошхонаҳои ин шаҳр рӯзи 2-уми январ оташ гирифт. Ошхонаи “Баҳори Аҷам”, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷойгир аст, тақрибан соатҳои 11 ҳамин рӯз оташ гирифтааст.