Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, муваққатан баста шудааст.
Шахсияти ҷасаде, ки Толибон дар ҳудуди Хоҳони Афғонистон, дар рӯ ба рӯи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ёфта, ба марзбонҳои тоҷик супурда буданд, маълум шудааст. Манобеи расмӣ гуфтанд, ӯ Муҳаммадҷон Қурбонов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст.
Падари як ҷавон дар Фархор моҳе боз талош дорад, ки кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раҳбари як ҷамоатро барои “облава” ё ба зӯр бурдани писари бемораш ба артиш ба ҷавобгарӣ бикашад.
Як сокини ноҳияи Фархор иддао дорад, ки писари бемори ӯро аз роҳи сарбозшикор ба артиш бурдаанд. Ба гуфтаи падар натиҷа ин аст ки фарзандаш баъди чанд рӯзи хидмат ҳоло дар шифохонаи ҳарбӣ бистарӣ мебошад.
Мақомоти Исроил хабар доданд, ки субҳи 1-уми январ аз хоки Ғаза ба сӯи Тел Авив мушак партоб шудааст. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, ин мушакро гурӯҳи “Ҳамос”, ки Ғазаро зери назорат дорад, партоб кардааст. Созмони “Ҳамос” инро шарҳ надодааст. Рӯзи 29-уми декабри соли гузашта низ мақомоти исроилӣ аз партоби мушак хабар дода буданд. Чанд шаҳрванди исроилӣ дар он маҷрӯҳ шуда буданд. Исроил Навори Ғазаро аз соли 2007 ба ин тараф муҳосира кардааст. Фаластиниҳо Исроилро ба ғазби заминҳояшон айбдор мекунанд ва солҳо боз барои озодӣ меҷанганд.
Рӯзи 2-юми январ Ҷо Байден, президенти ИМА бо Владимир Зеленский, президенти Украина суҳбати телефонӣ хоҳад кард. Кохи Сафед хабар дод, ки Ҷо Байден дар ин суҳбат ҳимояти худ аз якпорчагии Украинаро эълон карда, ду президент мавзуи ҷамъ шудани ҳазорон нерӯи низомии Русия дар наздикиҳои марзи ин кишварро баррасӣ мекунанд. Се ҳафат пеш Ҷо Байден бо президенти Украина суҳбат карда буд. ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Русия ба Украина ҳамла мекунад. Ҳузури ҳазорон нерӯи низомии Русия... Читать дальше...
Беш аз 40 муҳоҷири тоҷик, ки қарори ихроҷашон аз Русия содир шудааст, шаби Соли навро дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав пушти сар карданд.
Падар ва модари Рамазон Қодиров, президенти Чеченистонро "муҳофизони хизматнишондодаи ҳуқуқи башар" номиданд. Дар ин бора Нурдӣ Ҳоҷиев, ваколтадори ҳуқуқи инсони Чеченистон қарор имзо кардааст, ки бар асоси он Аҳмад Қодиров, падари Рамазон ва Аймана, модараш унвони беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсонро гирифтаанд. Падари Қодиров солҳо пеш дар таркиши як варзишгоҳ кушта шуд, вале модараш зинда аст. Дар як чорабинӣ дар Чеченистон саҳми хонаводаи Қодировро дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва мустаҳкам кардани давлатдорӣ муҳим хонданд. Читать дальше...
Дар як шабонарӯзи гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 488 ҳазор, тақрибан ним миллион нафар гирифтори коронавирус сабт шудааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз замони оғози пандемия аст. Матбуоти амрикоӣ навиштаанд, ки афзоиши гирифторӣ ба коронавирус паҳн шудани шакли нави он бо номи “Омикрон” аст. Ин вазъ дар Аврупо низ мушоҳида мешавад. Масалан, дар Бритониёи Кабир, ки аҳолиаш шаш баробар камтар аз Амрико аст, дар як шабонарӯзи гузашта 200 ҳазор гирифтори коронавирус сабт шудааст. Ба... Читать дальше...
Гурӯҳе аз муштариёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009"-ро шеваи кори ин ширкат нигарон намудааст.
Гуруҳе аз муштариёни ширкати сохтмонии "Муҳаммад-2009" иддао доранд, ки масъулони ширкат ба шикоятҳои пайвастаи онҳо дар робита ба бунёди ҳар чӣ зудтари манзилҳояшон расидагӣ намекунанд. Ширкат чизи дигар мегӯяд.
Баъзе аз мансабдорони тоҷик ҳар сол ибораву истилоҳҳои хато ё аҷибу хандаовареро мегӯянд, ки номи онҳоро чанд муддат вирди забонҳо мекунад. Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, дар соли 2021 асосан суханҳои муовини инак пешини вазири тандурустӣ дар мавриди ду Корея дар ёдашон мондааст.