Рӯзи 16-уми январ дар Украина қонуне ҳукми иҷро гирифт, ки бар асоси он бояд тамоми расонаҳои чопӣ бо забони расмии давлатӣ нашр шаванд, ки онро як талоше барои маҳдуд кардани истифодаи забони русӣ дар ҷомеа мешуморанд. Бар асоси ин қонун, ки соли 2019 қабул шуд, нашри маҷалла ва ё рӯзномае ба забони русӣ манъ нест, вале соҳибонашон вазифадоранд, айни шумораро бо ҳамон теъдод ба забони украинӣ ҳам чоп кунанд. Дар шароити камхаридор шудани рӯзномаву маҷаллаҳо ин гуна кор барои онҳо зараровар мешавад. Читать дальше...
Новак Дҷокович, теннисбози рақами як дар ҷаҳон аз Австралия ихроҷ шуд. Ӯ рӯзи 16-уми январ ба ҳавопаймо нишаст ва як рӯз қабл аз ширкат дар мусобиқаи бози теннис дар Австралия.
Ширкати муттасаддии нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки ҳаракат дар ду қитъаи ин роҳро муваққатан манъ кардааст, зеро дар он ҷойҳо поккории роҳ аз барфу тарма идома дорад. Дар эълоне, ки ширкати «Инновейтив Роуд Солюшн» дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, омадааст: «Бинобар тармафароии зиёд дар километрҳои 48 то 73- юми роҳи Душанбе - Чанок, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз километри 39 - самти Душанбе - Хуҷанд ва аз километри 81, ҷониби Хуҷанд - Душанбе муваққатан манъ карда шуд.” Дар ин баёния ҳамчунин омадааст... Читать дальше...
Додгоҳи вилояти Иркутски Русия ҳукми боздошти се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба нақш доштан, дар як моҷарои пурсарусадо муттаҳам мешаванд, барои чаҳор моҳи дигар дароз кардааст.
Дар Амрико чаҳор нафарро аз дасти як марде раҳо карданд, ки бо талаби озодии як зани покистонии гунаҳкор бо ҳамкорӣ бо Ал-Қоида онҳоро дар дохили як канисаи яҳудиён дар Техас гаравгон гирифта буд.
Талотум дар Қазоқистон аз мавзуъҳое буд, ки корбарон дар бораи он дар вебcайти Радиои Озодӣ бисёр баҳс карданд ва ҳамроҳ мебинем, ки дар бораи сабабҳои эътироз чӣ мегӯянд.
Генерал-майор Алнур Мӯсоев аз соли 1997 то 2001 раёсати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро бар уҳда дошт ва ёвари Нурсултон Назарбоев буд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи президенти нахустини Қазоқистон ва хонаводаи ӯ, ки ҳафтаҳои охир камнамо шудаанд, суҳбат кард.