Ду ҳавопаймои бесарнишин ҳангоми наздик шудан ба фурудгоҳи шаҳри Бағдод, маркази Ироқ, ки дар онҷо низомиёни амрикоӣ ҳузур доранд, суқут дода шудаанд.
Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ягона роҳи байни пойтахт ва шимоли кишвар, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарфаромоӣ баъд аз соати 15-и рӯзи 3-юми январ оғоз шуд.
Намояндагони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул, мегӯянд, роҳро аз барф тоза карда, ҳаракати баъзе аз мошинҳоро муваққатан маҳдуд намудаанд. Баъзе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он норозианд, ки баста будани роҳ онҳоро дар шароити бад гузоштааст.
Як профессори тоҷик Қонуни нави уҳдадории ҳарбиро, ки як сол пеш қабул шуд, сахт танқид карда ва онро барои манфиатҳои миллӣ зиёновар номидааст. Абдураҳмон Қурбонов дар Маркази таҳқиқоти стротегӣ гуфтааст, ба сабаби ин қонун ҷавонони зиёде аз таҳсил дилсард шудаанд.
Бориши барфи зиёд ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир ба шимоли кишварро мушкил кардааст. Ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳ буда, барои ин аз ронандагон маблағ мегирад, дар хабарномае гуфт, ҳаракати баъзе аз нақлиётро муваққатан манъ кардааст.
Рӯзномаи исроилии Jerusalem Post рӯзи 3-юми январ аз шикаста ё ҳак шудани вейбсати худ хабар дод. Ҳамзамон рӯзномаи Maariv Online низ рахна шудани ҳисоби корбарии ин расонаро дар "Твиттер" тасдиқ кард.
Як сарбози тоҷикро, ки дар қисми ҳарбӣ дар шаҳри Панҷакент адои хидмат мекард, бо захми тир дар бемористон бистарӣ кардаанд. Маълум нест, ки Бузургмеҳр Юлдошзодаи 20-cола аз ноҳияи Ҳамадонӣ чӣ гуна ба ин ҳол уфтодааст. Мақомот ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Баъзе гуфтанд, ӯ зери фишор буд.
Садҳо сокини Жанаозен, як шаҳраки нафтӣ дар Қазоқистон, рӯзи 2-юми январ ба нишони эътироз алайҳи афзоиши нархи газ эътироз карда, муддате роҳҳоро бастанд.
Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 2-юми январ дар суҳбати телефонӣ ба раиси ҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, итминон дод, ки дар муқобили таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина, аз ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард.
Тими мунтахаби мардонаи Итолиё, ки ғолиби қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 гардид, аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) дар соли 2021 беҳтарин дастаи сол дониста шуд.
Сокинони деҳаи Балосури Эрон ду кӯдакро дар паҳлӯи ҷасади модарашон дар марзи миёни Эрон ва Туркия пайдо карданд.
Абдуллоҳ Ҳамдук, нахуствазири Судон, баъд аз шаш ҳафтаи бозгашт ба қудрат, рӯзи 2-юми январ эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Ӯ пас як табаддулоти давлатӣ барканор шуда буд, вале бо фармондеҳони артиш ба созиш расида буд, ки то поёни давраи интиқолӣ дар мақоми нахуствазирӣ бимонад.
Сайти расмии Конфедератсияи футболи Осиё бо хатми назарсанҷиҳояш, тими мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021-ро эълон кард. Тибқи ин назарсанҷӣ, футболбози шинохтаи тоҷик Манучеҳр Сафаров беҳтарин ҳимоятгари самти рости Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли 2021 шинохта шуд. Дар назарсанҷие, ки сайти Конфедератсияи футболи Осиё барои муайян кардани 11 беҳтарин бозигари Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли 2021 баргузор кард, аз Манучеҳр Сафаров ба унвони яке аз беҳтарин ҳимоягарон ном бурда шудааст. Манучеҳр... Читать дальше...