Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо Гран-Прии Португалия (Grand Prix Portugal 2022), ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмада баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.
Аъзои хонаводаи раисҷумҳури пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, то ҳол аз шахсони сарватманд дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Онҳо ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷ аз он соҳиби тиҷорат ва хонаву даранд.
Йенс Столтенберг рӯзи 30-юми январ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, "мо нақшаи ҷойгир кардани нерӯҳои НАТО-ро дар Украина надорем... Тамаркузи мо ба расондани кумак аст." Ӯ афзуд, "миёни узви НАТО будан ва шарики қавиву боарзише ба мисли Украина фарқ вуҷуд дорад."
Созмони Human Rights Watch ба риояи ҳуқуқи одамон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2021 баҳо дода, вазъро дар Тоҷикистон “бадтар” номидааст. Омбудсмени Тоҷикистон танқиди ҳомиёни ҳуқуқро “яктарафа ва боэҳсос” арзёбӣ кард.
30 узви Маҷлис ё порлумони Эрон ба омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, мубтало шудаанд.
Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки бемориҳои сироятии муқовим ба антибиотикҳо солона бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафарро мекушанд. Ингуна бемориҳои сироятие, ки ангезандаҳояш бактерия аст, ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳоло аз бемории норасоии масунияти бадан ва вараҷа кушандатар шудаанд.
Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки бемориҳои сироятии муқовим ба антибиотикҳо солона бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафарро мекушанд. Ингуна бемориҳои сироятие, ки ангезандаҳояш бактерия аст, ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳоло аз бемории норасоии масунияти бадан ва вараҷа кушандатар шудаанд.
Асадбек Маннонов дар Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб барои Тоҷикистон аввалин унвони таърихии қаҳрамони ҷаҳон оид ба IMMAF (International Mixed Martial Arts Federation) ё Федератсиюни байналмилалии ҳунарҳои омехтаи размиро ба даст овард.
Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише гуфтааст, аз моҳи январи соли 2020 то моҳи майи соли 2021 дар ҷараёни ҷангҳои Яман ҳудуди ду ҳазор кӯдак кушта шудаанд.
Артиши Ироқ мегӯяд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар 9 ҷангҷӯйи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ кушта шудаанд.
Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш барои муқобила бо "душманӣ"-и Русия алайҳи Украина имкони ҷойгир кардани нерӯҳо ва киштиву ҳавопаймоҳои ҷангиро дар Аврупои Шарқӣ баррасӣ мекунад.
Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки рӯзҳои 22-29-уми январ дар Қасри варзиши “Универсал”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, 11 медал ( 1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тобути шаш муҳоҷири тоҷикро, ки ба гуфтаи мақомот бар асари заҳролудшавӣ дар Русия ҷон бохтанд, субҳи 30-юми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Дилшод Одинаев, як масъули идораи муҳоҷират дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "тобутҳоро дар Фурудгоҳи Душанбе гирифта, ба хешовандонашон супурдем."
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, таҳқиқоти байнулмилалиро дар бораи эътирозҳои моҳи январ дар ин кишвар рад кард.
Бо гузашти 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз ҷумҳуриҳои собиқи он, Тоҷикистон, талош дорад, ҳуввияти тозае пайдо карда, гузаштаи коммунистии худро пушти сар гузорад.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври охирини қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 28-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Эрон бо ҳисоби 0:9 бохт.