Дар Тоҷикистон ба зидди Ҳафизамо Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва яке аз мунтақидони ҳукумат, парванда кушодаанд.
Ғайрат Шарифбоев ва Димаш Досанов, ду узви хонаводаи президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, рӯзи 15-уми январ аз раҳбарии ширкатҳои нафту газ истеъфо додаанд.
Танқиди соҳаи маориф аз забони президент масъалаи мактабу маорифро дар Тоҷикистон дигарбора доғ кард. Коршиносон мегӯянд, ин ришта ба як ислоҳоти саросарӣ ва бунёдӣ ниёз дорад, ки аз нашри китобҳои дарсӣ то афзоиши маоши муаллимонро дар бар мегирад.
Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ба вазъи сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ кунанд. Ин вилоят моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди эътирози чаҳоррӯза буд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Русия бо нашри маълумоти нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ саргарми омодагӣ барои ҳамла ба Украина аст. Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, маълумоти истихборотии Амрико инро нишон медиҳанд.
Шаҳрдори Душанбе аз тарзи бунёди биноҳо дар пойтахти Тоҷикистон танқид карда, хоҳони ҳалли камбудҳо то моҳи марти имсол шудааст. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол танқидҳо ба баёни мавқеи ахири шаҳрдорӣ сабаб шудааст, вале бовар доранд, ислоҳи вазъ осон нахоҳад буд.
Самат Абиш, бародарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар мансаби муовини раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар монд. Дар ин бора ниҳоди мазкур 14-уми январ хабар дод.
Бино ба оморе, ки рӯзи 14-уми январ нашр шуд, зиёда аз ёздаҳ ҳазор кас ба хотири вуруд ё мондани ғайриқонунӣ дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дастгир шудаанд.
Даъвати неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Қазоқистон барои фӯру нишондани эътирозҳо ва ё ба гуфтаи раҳбари Қазоқистон маҳви террористон, ақидаҳои гуногунеро ба миён овард.