Шахсияти ҷасаде, ки Толибон дар ҳудуди Хоҳони Афғонистон, дар рӯ ба рӯи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ёфта, ба марзбонҳои тоҷик супурда буданд, маълум шудааст. Манобеи расмӣ гуфтанд, ӯ Муҳаммадҷон Қурбонов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст.