Додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ занро бо гуноҳи иштирок дар ҷанг дар Афғонистон ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот ба таври расмӣ тафсилоти парвандаҳоро ошкор намекунанд. Манобеи огоҳ аз парвандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин занонро тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда буданд.