Шарофат Мамадамбарова, раҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон мегӯяд, дар Кумитаи амнияти миллӣ аз ӯ дар бораи фаъолияти Бунёди Оқохон ва нооромиҳои ахир дар Бадахшон пурсидаанд.
Додгоҳи шаҳри Панҷакент, як мақоми собиқи ҳукумати шаҳрро ҷаримаи бузурге баста ва аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ барои як сол маҳрум кардааст.
Дар Русия рӯзи 17-уми август 33 ҳазор мавриди сирояти бемории COVID сабт шудааст, ки омори баландтарин дар панҷ моҳи ахир аст.
Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд (EBRD) эълон кард, ки барои кумак ба соҳибкорони хурд дар Тоҷикистон 6 миллион доллар кумак мекунад.
Намояндаи додситонии шаҳри Иркутски Русия парвандаи чаҳор муҳоҷири тоҷикро, ки ба авбошӣ ва қасди куштор муттаҳам мешаванд, “нокомил” номида, хостори таҳқиқи дубораи он шудааст.
Мақсуд Ғаёсов, як фаъоли маданӣ ва блогери муқими Бадахшон, ки беш аз ним сол дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, рӯзи 17 август дар хонааш боздошт шудааст.
Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август бо як ҳайати дипломатҳои Исроил ҳамкориҳои байни ду кишварро баррасӣ кардааст.
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки сафири ин кишвар бо даъвати мақомоти тоҷик ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардааст.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва раиси Бунёди Бузургмеҳр мегӯяд, муҳокимаҳои кутоҳу ҳукмҳои сахти тазоҳургарон дар Бадахшон ва фаъолони мадании вилоят як талоше барои нобуд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва раиси Бунёди Бузургмеҳр мегӯяд, муҳокимаҳои кутоҳу ҳукмҳои сахти тазоҳургарон дар Бадахшон ва фаъолони мадании вилоят як талоше барои нобуд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.
Дастаи мардонаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия мақоми севумро касб кард, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ин ҳаштумин медали варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо мебошад. Мусобиқаи дастаӣ оид ба ҷудо рӯзи 17-уми август доир шуд ва рақобатҳо аз рӯи панҷ вазн (-66, -73, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардон сурат гирифт. Паҳлавонони тоҷик мебоист дар даври аввал бо гуштигирони узбек рақобат мекарданд, вале дастаи Узбекистон ба иллати ҷароҳати варзишгаронаш аз ширкат дар ин марҳила даст кашид. Читать дальше...
Беш аз 20 созмони ғайриҳукуматӣ дар Гурҷистон бо нашри як изҳороти муштарак хостори ҷорӣ кардани низоми раводид (виза) барои русҳо шуданд. Муаллифони изҳорот гуфтаанд, вуруди густардаву беназорати сайёҳони рус ва соҳибкороне, ки барои фирор аз таҳримҳои Ғарб зидди Русия ба Гурҷистон мераванд, ба давлатдории он кишвар хатарҳоеро дар пай дорад. Созмонҳо бо истинод ба омори расмӣ афзудаанд, ки давоми моҳҳои март ва июли имсол ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Русия на танҳо ҳамчун саёҳ, балки бо мақсади кору зиндагӣ ба Гурҷистон рафтаанд. Читать дальше...
Кормандони консулгарии Туркманистон дар шаҳри Истамбул фаъолони туркмани муқими Туркияро латтукӯб карданд. Бино ба иттилои Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон, як гуруҳ аз фаъолони туркман бо дастгирии вакилони дифоъ ва ду ҳомии ҳуқуқи турк ба консулгарии Туркманистон дар Истамбул рафта, кушиш кардаанд, ки номаи бозеро ба раисҷумҳури кишвари худ Сардор Бердимуҳаммадов расонанд. "Вақте вакили дифоъ Гулден Сонмез ва фаъолон аз посбони консулгарӣ хоҳиш карданд, ки яке аз кормандонро барои гирифтани нома даъват кунад... Читать дальше...
Тоҷирони нафт дар Қирғизистон гуфтанд, "маҷбур" ҳастанд, ки нархи сӯзишвории дизелиро дар он кишвар боло баранд. Онҳо дар ҷаласае, ки Хадамоти зиддиинҳисории Қирғизистон 17 август ташкил карда буд, гуфтаанд, корхонаҳои коркарди нафти Русия содироти сӯзишвории дизелиро коҳиш дода, ҳамчунин нархи онро гаронтар кардаанд. Ба гуфтаи тоҷирони қирғиз, корхонаҳои Русия дар як моҳи ахир нархи яклухтфурӯшии як тонна сӯзишвориро то ба 300 доллари амрикоӣ гаронтар кардаанд. Нархи сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ... Читать дальше...