Бино бар иттилои пулиси Покистон марде ду хоҳар ва зани бародарашро барои “бадахлоқӣ” ба қатл расонидааст. Ҳодиса баъд аз зӯҳри панҷшанбе дар минтақаи Даузаи Пешовар рух додааст. Ёсин, падари хоҳарони кушташуда ба пулис гуфтааст, духтарони ӯ бо келинаш ба деҳаи дигар мерафтанд ва писараш Амҷад бо чаҳор ҳамроҳаш онҳоро паронда, ба қатл расонидаанд. Ба гуфтаи ин падар, писараш ба рафтори духтарҳо шубҳа карда, онҳоро ба қатл расонидааст. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. Бино бар гузориши Комиссияи ҳуқуқи башари Покистон... Читать дальше...
Сокинони водии Яғноб аз набудани хадамоти тиббӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, то ҳол ягон деҳаи ин водӣ бунгоҳи тиббӣ надорад.
Яке аз гузоришгарони баландпояи Созмони Милал аз боз кардани парванда ба зидди фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи бадахшонӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Маркази миллии тестии Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба довталабоне, ки аз имтиҳонҳои вуруд ба донишгоҳу донишкадаҳо нагузаштаанд, шонси дигаре диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 15 додрасро аз як мақомашон гирифта, ба мақоми дигар таъйин кардааст.
Шумораи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, вазъи низоми тандурустии минтақаи Яғноб, мавсими писта дар вилояти Хатлон ва матолиби дигар.
Вазири маорифи Қазоқистон гуфтааст, эҳтимолан аз соли оянда таҳсил дар мактабҳои миёна панҷрӯза мешаванд.
ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия иддао кард, ки дар се минтақаи ин кишвар – Маскав, Красноярск ва Новосибирск “ҳашт сокини Осиёи Марказиро боздошт кардаааст”, ки гӯё “узви созмони мамнӯи “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод” будаанд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ маросими Ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дар ин бора рӯзи 19-уми август дафтари матбуоти президент хабар додааст.
Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба Бритониё рафтаанд, мегӯянд, аз ҳузур дар инҷо хушҳоланд, аммо на аз музди корашон, ки танҳо барои хароҷоти зиндагӣ кофист.
Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 9-18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ба поён расид.
Пас аз воқеаҳои моҳи май дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва нопадид шудани фаъолон дар Маскав даҳҳо зодаи ин минтақа ба кишварҳои Аврупо муҳоҷират карданд. Радиои Озодӣ аз чанд тани онҳо пурсид, ки чаро Аврупоро интихоб карданд ва оё воқеан ҳаёти онҳо дар хатар буд?
Бюрои байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон 18-уми август дар Алмато дар бораи ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои январ ва баъд аз он гузориши таҳлилиеро онлайнӣ муаррифӣ кард. Тибқи гузориши бюро, 71 дарсади афроде, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон боздошт шудаанд, мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Мудири бюро Евгений Жовтис, ки гузоришро муаррифӣ кард гуфт, 83 дарсади вакилони дифоъ аз шиканҷа шудани шахсони зери ҳимояашон шикоят кардаанд ва дар 77 дарсади ҳолатҳо гумонбаронро муайян кардан мумкин буд. Читать дальше...
Вазорати энержии Узбекистон бо Вазорати энержӣ ва ширкатҳои Арабистони Саудӣ се созишномаи бузургро ба маблағи 12 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расондаастд. Ба огаҳии Вазорати энержии Узбекистон, созишномаи аввал ба сохтмони нерӯгоҳи бодии 1,5 ГВт дар Қароқалпоқистон аз ҷониби ACWA Power рабт дорад. Он бузургтарин нерӯгоҳи бодӣ дар тамоми ҷаҳон хоҳад шуд. Қарор аст, ин неругоҳ 1 миллиону 650 ҳазор хонаводаро бо неруи барқ таъмин кунад ва аз ихроҷи 2,4 миллион тонна партови карбон дар як сол ҷилавгирӣ кунад. Читать дальше...