Гулноза Саид (Саидазимова), ҳамоҳангсози Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) барои кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ва Аврупоро ба Узбекистон роҳ надодаанд.
Агар то аввали моҳи август нархи як кило пиёз то 8 сомонӣ буд, ҳоло ба 3-4 сомонӣ фурӯхта мешавад. Тоҷирон ташвишҳои худро доранд.
Раёсати маорифи шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) соли нави хониш дар мактабҳои шаҳр аз 19-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии “Красное Село”, дар канори шаҳри Санкт-Петербург, мегӯянд, ки дар шароити баде ҳастанд, аммо касе ба додашон намерасад. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия муттаҳаманд.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии "Красное Село", дар канори шаҳри Санкт-Петербург, мегӯянд, ки дар шароити баде ҳастанд, аммо касе ба додашон намерасад. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия муттаҳаманд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, натиҷаҳои раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи ин кишвар "муттаҳидии мардум" ва "ҷонибдории қатъии онҳо аз ислоҳоти густарда"-ро нишон дод.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон мегӯяд, 24 сокини Қароқалпоқистон, ки дар робита ба ҳодисаҳои шаҳри Нуқус дастгир шуда буданд, бо пардохти гарав озод ва ба назди пайвандон баргаштанд.
Ихроҷи пайиҳами чанд муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистони зери назорати Толибон паноҳҷӯёни дигарро нигарон кардааст. Аксари онҳо талош мекунанд, дар кӯчаву бозор зиёд нагарданд, зеро метарсанд, ки боздошт ва ба Афғонистон фиристода мешаванд.
Пас аз манъи содироти пиёз аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар нархи ин навъи маҳсулот панҷоҳ дарсад арзон шудааст. Агар то аввали моҳи август нархи як кило пиёз то 8 сомонӣ буд, ҳоло ба 3-4 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон хавф доранд, ки ба Афғонистон бозгардонида мешаванд. Ба қавли хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар шаҳри Ваҳдат аксар паноҳҷӯён аз хона берун намешаванд, то онҳоро боздошт ва ба кишварашон наронанд.
Омина Худойқулова дар озмуни забони англисӣ дар Лондон соҳиби медали тило шудааст.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия, Валерий Фадеев, гуфт, фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд.
Ҷонибдорони блогерҳои боздоштшуда дар Қирғизистон Адилет Алӣ Миктибек ва Ирискелдӣ Жекшеналиев 30-юми август дар назди бинои ҳукумати ин кишвар дар шаҳри Бишкек тазоҳурот карданд.
Мақомдори рус пешниҳод кардааст, ки ба мактабҳои ин кишвар фарзандони муҳоҷирон замоне қабул шаванд, ки забони русиро азхуд кардаанд, дар Тоҷикистон паноҳҷӯён аз эҳтимоли ихроҷашон ба Афғонистон нигаронанд, дар Суғд пиёз арозон шуд ва Омина аз Лондон бо ҷоиза баргашт.
Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар дод, ки 28-уми август яке аз дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки шаҳри Бишкек ба ҳалокат расид.
Дар шаҳри Самарқанд муҷассамаи Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики форсӣ, дубора қомат афрохт, аммо на дар ҷойи пешинааш, балки дар хиёбони ҳамноми шоир. Маросим рӯзи 30-юми август баргузор шуд.
Дар натиҷаи задухӯрди ҷонибдорони имоми бонуфузи шиамазҳаби Ироқ Муқтадо Садр ва кормандони интизомӣ дар шаҳри Бағдоди Ироқ беш аз 20 кас кушта шудаааст.
Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон «хуфтаанд». Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд.
Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон "хуфтаанд". Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд.
Сабаби марги Георгий Веселовский, кӯҳнаварди 38-сола аз Русия ва Вячеслав Шейко, кӯҳнаварди 41-сола аз Қирғизистон сармои шадид ё заҳролудшавӣ аз гази карбон гуфта мешавад.
Пас аз танаффуси чандҳафтаина содироти ангишт (кумур) аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути хоки Афғонистон аз сар гирифта шудааст.
Президенти Русия гуфт, аз пешниҳоди таъсиси марказҳои мутобиқшавии муҳоҷирон ба кору зиндагӣ дар Русия ҷонибдорӣ мекунад.
Шумораи шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, сол то сол зиёд мешавад. Дар айни ҳол 19 нафари онҳо дар бошгоҳҳои 9 кишвари Аврупову Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд.
Муҳлати боздошти Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дароз кардаанд. Ӯ, ки бо "ҳукми сафед"-аш маъруф аст, ба "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" ва "расондани хабари дурӯғ" гумонбар аст, вале худашу наздиконаш иттиҳомро сохта медонанд.
Раҳбари идораи ёриҳои башардӯстонаи Созмони Милал ҳушдор дод, ки 6 миллион кас дар Афғонистон ба хатари қаҳтӣ рӯбарӯ ҳастанд ва беш аз нисфи аҳолии 39-миллионнафарии ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.