Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ба ғалатнависии калимаҳо поён бидиҳанд. Мақомот мегӯянд, ин кор пас аз пурра шудани фарҳанги нави имло имконпазир хоҳад шуд. Коршиносон мегӯянд, нақшаи хуб аст, вале иҷрояш саҳлу содда нест.
Вазири дифои Толибон иддао кард, ки Покистон ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро ба ҳарими ҳавоии худ роҳ додааст, то аз ин тариқ ба Афғонистон дохил шаванд. Иттиҳоме, ки Покистон пас аз ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Кобул рад карда буд.
Чин додугирифти молро бо Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 1 миллиарду 170 миллион доллар ҳисоб кардааст. Мақомоти Тоҷикистон гардиши молро бо ҳамсояи шарқии худ 670 миллион доллар мегӯянд. Ба ин тартиб, дар ним сол ним миллиард доллар ё ҳар рӯзе қариб се миллион доллар "гум" шудааст.
Сели имсола ба беш аз 33 миллион нафар зарар расонда, тақрибан як миллион хонаро вайрон кардааст.
Пас аз берун шудани як идда ширкатҳои ғарбӣ аз Русия, ҳукумати ин кишвар кӯшиш дорад, ҷойҳои холишудаи онҳоро бо истифода аз захираву имконоти соҳибкорони ватанӣ пур кунад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳони ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон шудааст. Ҷое, ки беш аз як сол боз зери итоати гуруҳи тундрави Толибон аст.
Ҳукумати Қазоқистон рӯзи 27-уми август эълон кард, ки содироти ҳамагуна аслиҳаро барои як сол боздоштааст. Дар бораи далели ин тасмим чизе гуфта намешавад.
Сокинони деҳае дар домани куҳистони шаҳри Панҷакент аз фаъолияти як коргоҳи чинӣ шикоят доранд ва мегӯянд, ин корхона ба истеҳсоли “зар” машғул аст, вале ба атрофиён заҳр медиҳад.
Сокинони деҳае дар Панҷакент аз фаъолияти як коргоҳи чинӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ин корхона ба истеҳсоли зар машғул аст, вале ба атрофиён заҳр медиҳад.