Ҳалима Насибулина, шахсе, ки бо садои ӯ давоми даҳсолаҳо радиои Тоҷикистонро мешинохтанд, 100-сола шуд. Ӯ барои рушди радиои тоҷик, барномаҳои ғании адабиву забони он саҳми зиёд гузошта, ниҳоят барои ҳифзи бойгонии он хидмати зиёд кардааст.
“Хурдтаракони азиз, имшаб ман ба шумо “Панҷ шарти офтобпараст” ном афсонаи Ботур Файзиевро хонда медиҳам. Буд набуд....... “ Бо ин садо чанд насл кудакони худро хоб мекарданд. Ҳалима Насибулина, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, коргардон ва наттоқи радио агар умр вафо мекард, 100-сола мешуд.
Дар дуюмин солгарди заҳролудкунии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний намояндаи аршади Комиссиюни Аврупо Жозеп Боррелл аз шеваи бархӯрд ба сиёсатмадори зиндонӣ интиқод кард ва озодии билофосилаи ӯро тақозо намуд. Дар изҳороте, ки Боррелл рӯзи 20-уми август дар Телеграм канал нашр кард, гуфт, ки Комиссиюни Аврупо “талошҳои куштори Навалнийро башиддат маҳкум мекунад” ва аз Русия хост, ки “ӯҳдадориҳояшро бар асоси Эъломияи силоҳҳои кимиёӣ иҷро кунад”. Боррелл ҳамчунин аз баста шудани созмони... Читать дальше...
Як муҳаққиқи масоили занон мегӯяд, соҳибхоназанҳои тоҷик, ба вижа сокинони рустоҳо, ки бори гарони кори хонаву кишоварзӣ ба дӯши онҳо асту барои ин кор маош намегиранд, бояд мавриди ҳимояти иҷтимоӣ қарор бигиранд.
Соҳибхоназанҳои тоҷик як нирӯи иқтисоди соягӣ ҳастанд, чунки кору заҳмати онҳо ба ҳисоб гирифта намешавад: тарбияву нигоҳубини кӯдакону аҳли оила, хӯрокпазию тамизкорӣ, кори кишоварзии наздиҳавлигӣ... Коршиносон мегӯянд, кору ҳуқуқи ин занон бояд мавриди ҳимояти иҷтимоии давлат бошад
Дар Озарбойҷон моҷарое бархост. Баъди он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори видеоие дар бораи алоқаи ҷинсии марду зане ба гардиш даромад, бисёриҳо, аз ҷумла полис, дар симои мард ёвари раҳбари хадамоти сӯхторнишонии Озарбойҷонро шинохтанд.
Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубай шаш шаҳрванди 25 то 36-солаи Тоҷикистонро дар ғорату ҳамла ба макони зисти хонаводае дар ин шаҳри тиҷоратии Иморти Муттаҳидаи Араб гунаҳгор номида, ҳар яки онҳоро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ин дуюмин ҳолати муҷозоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар додгоҳи таҷдиди назари Дубай барои содир кардани ҷиноят дар ин кишвар аст, ки ҳафтаи ҷорӣ эълон мешавад. Маҳкумшудаҳо 30 рӯз мӯҳлат доранд, ки аз болои ин ҳукм шикоят кунанд. То ин лаҳзаҳо назари маҳкумшудаҳову вакилони онҳо ба ин парванда дар даст нест. Читать дальше...
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шоми 19-уми август серодамтар буд. Бисёриҳо бо парчам ва шиорҳо омаданд. Ҳамаи онҳо ба истиқболи як мусофир омаданд - Эмомалӣ Нуралӣ.
Эмомалӣ Нуралӣ, барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон шоми 19 август ба Тоҷикистон баргашт ва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо истиқболи гарми наздикон, ҳаводорон ва мақомоти варзиши тоҷик рӯбарӯ шуд