Эрна Гейзер, мусиқишинос ва ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, соли 1942 дар оилаи геологҳои олмонӣ – Роберт Гейзер ва Вера Рутинг – таваллуд шудааст. Оилаи ӯро пас аз хатми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба Ленинобод, Хуҷанди имрӯза, бадарға карданд.
Мусиқишинос Эрна Гейзер 23 августи соли 1942 дар хонаводаи геологҳои олмонитабор Роберт Гейзер ва Вера Рутинг таваллуд шудааст. Падарашро бори аввал дар чаҳорсолагӣ, баъди бозгашти ӯ аз урдугоҳҳои кории шӯравӣ дид, ки баробар бо зиндон буданд.
Ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" номидааст. "Комиссияи 44" моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон ташкил шуд.
Ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" номидааст. "Комиссияи 44" моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон ташкил шуд.
Ҷасади 14 муҳоҷири қирғизистонӣ, ки дар садамае дар Русия ҷон бохтанд, ба Қирғизистон интиқол ёфт. Ҳавопаймои махсус ҷасади муҳоҷиронро бегоҳи 23-юми август аз вилояти Улянови Русия ба шаҳри Уш овардааст.
Барои гиромидошти хотираи муҳоҷирони қирғиз дар сафорати Қирғизистон дар Душанбе барои ёдбуди муҳоҷирони фавтида китоби хотира кушоданд.
Дар ҳоле ки дабири Шӯрои амнияти Русия аз машқи якҷояи нерӯҳои Амрико ва баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, Маскаву Душанбе шарики стратегиянд ва "чизе ба муносибатҳо таъсир нахоҳад кард".
Имсол арзиши ҳар метри мураббаъ хона дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон афзудааст. Мақомот гуфтанд, болоравии нархро бештар дар Алмато, Нурсултон ва Қизилдара мушоҳида карданд. Сокинон мегӯянд, гирифтани манзил торафт орзуи дастнорас мегардад.
Дар Қазоқистон нархи хона торафт боло меравад. Имсол нархи ҳар метри мураббаъ дар тамоми минтақаҳои ин кишвар зиёд шуд. Ҳамингуна амалишавии орзуи ҳазорҳо қазоқистонӣ барои соҳиб шудан ба манзил боз ҳам камтар гардид.
Рӯзи чоршанбе, 24-уми август, се бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мавқуфмондаи даври дуюм миёни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат мегирад. Ду бозии мавқуфмондаи даври 9-ум байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ва миёни тимҳои КМВА – «Хатлон» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд. Читать дальше...
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов имрӯз, 23-юми август, нахустин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд бо тими Ҷопон (U-16) баргузор мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи Академияи “Бунёдкор” соати 16:00 оғоз меёбад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов, ки дар шаҳри Тошканд то рӯзи 27-уми август идома меёбад... Читать дальше...
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба муҳокимаҳои ба гуфтаи созмон ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.
Бунёди боғи хуч дар ноҳияи Мӯъминобод баҳсбарангез шудааст. Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба ноҳия ба ҷангалбонҳо дастур дод, ки боғи хуч бунёд кунанд. Пас аз бунёди боғ раиси ноҳия дар пайи эътирози додситон онро ғайриқонунӣ дониста, қарорашро бекор кардааст.