Фармонро раисҷумҳур Владимир Путин рӯзи 25-уми август имзо кард. Он аз моҳи январи соли 2023 ба иҷро медарояд.
Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, 24 августи соли 1992 дар Душанбе кушта шуд. Аз он замон то ҳоло ду нафарро ба гуноҳи куштани ӯ ҳукми қатл дода, як фармондеҳи давраи ҷангро низ дар ин кор гумонбар медонанд, аммо то ҳанӯз чигунагии тарҳрезӣ ва наҳваи иҷрои он норӯшан мондааст.
Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, 24 августи соли 1992 дар Душанбе кушта шуд. Аз он замон то ҳоло ду нафарро ба гуноҳи куштани ӯ ҳукми қатл дода, як фармондеҳи давраи ҷангро низ дар ин кор гумонбар медонанд, аммо то ҳанӯз чигунагии тарҳрезӣ ва наҳваи иҷрои он норӯшан мондааст.
Додситонии кулли Қирғизистон дар робита ба эътироф ва иҷрои ҳукми Додгоҳи олии Қирғизистон нисбати президенти фирории ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба Беларус дархост фиристод.
Русия ба Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё пешниҳод кард, дар муомилоти тиҷорӣ пулҳои миллии бештар истифода шаванд.
Пас аз берун шудани ширкатҳои кишварҳои ғарбӣ аз Русия мақомот талош доранд, ба ҷои онҳо ширкатҳои дохилиро фаъол кунанд. Хабарнигори Рейтерс пас аз дидани корхонаи истеҳсоли автомобилҳои Лада мегӯяд, вазъ он тавре нест, ки мақомоти рус тасвир мекунанд.
Озод Бектуров аз мудирии ширкати "Казаэронавигатсия" барканор шуд. Расонаҳо аз вай домоди Нурлан Нигматулин, раиси пешини порлумони Қазоқистон ном мебаранд.
Ду варзишкори паролимпии узбекистониро дар Куриёи Ҷанубӣ ба хушунати ҷинсӣ муттаҳам карданд. Дар бораи парвандаи ду узбекистонӣ баъди ду моҳи ҳабси онҳо расонаҳо хабар доданд.
Дар лоиҳаи қонуне, ки таҳия кардаанд, омадааст, маблағгузории муҳофизати давлатӣ ва ҳаққи истифодаи хадамоти коммуналии ду президенти пешин бекор гардад.
Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода масоили муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқро баррасӣ карданд.
Созмони Милал аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз мақомот хостааст, ба ин кор поён диҳанд. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, давоми як ҳафтаи охир 9 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ронда шуданд.
Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба Бритониё рафтаанд, аз шароити кор дар онҷо хушҳоланд, вале на аз музди кор. Онҳо мегӯянд, ҳаққи заҳмат дар ним сол танҳо барои хароҷоти зиндагӣ мерасаду бас. Айни замон муҳоҷирон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ пуштибон ёфтаанд.
Муҳоҷирон аз кор дар Британия ҳушҳоланд, вале маоши бештар мехоҳанд.
Тоҷирон аз Гана аслан мошинҳои кӯҳна, тоҷирони Дубай мошинҳои гаронбаҳо мехаранд, тоҷирони тоҷик бештар Камри 2, 3, 4 мегиранд.
Мавқеи варзишгарони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ нашр кардааст, муайян шуд.
Рӯзи чоршанбе, 24-уми август, се бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мавқуфмондаи даври дуюм миёни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Инчунин ду бозии мавқуфмондаи даври 9-ум баргузор шуд. «Хатлон»-и Бохтар дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Читать дальше...
Бино ба наворҳое, ки тоза нашр шуданд, намояндагони Толибон сокинонро дар Панҷшер ба иттиҳоми доштани силоҳ дастгир ва таҳқиру масхара мекунанд. Ба назар мерасад, видеоҳо тавассути яке аз афроди мусаллаҳи Толибон гирифта шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳамтои қирғизистониаш Жээнбек Кулубоев нома ирсол кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Қирғизистон хабар медиҳад. Вазири хориҷии Русия дар робита ба марги 14 қирғизистонӣ дар садамаи нақлиёт дар вилояти Улянови Русия изҳори ҳамдардӣ кардааст. Зимнан, рӯзи 23 август ҷасади қирғизистониҳои дар садамаи нақлиёт дар вилояти Улянови Русия фавтидаро ба Қирғизистон оварданд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ба пайвандони фавтидаҳо аз бунёди президенти Қирғизистон бештар аз 3700 долларӣ дода мешавад. Читать дальше...
Дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон сокини маҳаллие боздошт шуд, ки меъмории таърихиеро дар "Кунҷутлитепа" комилан нобуд ва 4,3 млн доллар зиён овардааст. Сокини боздоштшуда тиҷорат хок дошта, замини атрофи ёдгориро қисм-қисм фурӯхтааст. "Додситонии ноҳияи Яккабоғ 15 августи соли ҷорӣ бо моддаи "нобудсозӣ, вайронсозӣ, зиён овардан ба иншооти моддии ёдгории фарҳангӣ дар ҳаҷми махсусан калон" парванда боз кардааст", - хабар дод додситонии кулли Узбекистон.
Русия омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомиашро дар Тоҷикистону Қирғизистон боло мебарад. Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.