Мы в Telegram
Добавить новость

Схему движения транспорта временно изменят в округе

Ребенок пострадал в результате обрушения части жилого дома в Белгороде

Почти 300 москвичей получат квартиры в новостройке по программе реновации в районе Перово

Бастрыкин заинтересовался фактом падения игрового аппарата на ребенка в ТЦ Москвы



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тоҷикистон аз Бозиҳои исломӣ бо 8 медал, вале бе нишони тило бармегардад

Тоҷикистон аз Бозиҳои исломӣ бо 8 медал, вале бе нишони тило бармегардад

Дастаи мардонаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия мақоми севумро касб кард, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ин ҳаштумин медали варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо мебошад.

Мусобиқаи дастаӣ оид ба ҷудо рӯзи 17-уми август доир шуд ва рақобатҳо аз рӯи панҷ вазн (-66, -73, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардон сурат гирифт.

Паҳлавонони тоҷик мебоист дар даври аввал бо гуштигирони узбек рақобат мекарданд, вале дастаи Узбекистон ба иллати ҷароҳати варзишгаронаш аз ширкат дар ин марҳила даст кашид. Бинобар ин, дастаи Тоҷикистон мустақиман ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Паҳлавонони тоҷик рақобатро аз чорякфинал муқобили тими Сенегал шуруъ карданд. Пирӯзиҳои Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) боис гардид, ки Тоҷикистон бо ҳисоби умумии 2 бар 1 ғолиб шавад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кунад.

 

Дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо тими Озарбойҷон вориди майдони рақобат шуд. Вале ғалабаи Шодмон Ризоев (-81 кг) кофӣ набуд, ки гуштигирони тоҷик ба финали мусобиқа роҳ ёбанд, зеро Саидаброров ва Устопириён дар рақобатҳои худ мағлуб шуданд ва дар натиҷа дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби умумии 1-3 ноком шуд.

Дар мубориза барои медали биринҷӣ дастаи Тоҷикистон бо тими Қазоқистон мубориза бурд. Дар қувваозмоии аввали инфиродӣ Саидаброров мағлуб шуд, аммо ғалабаҳои Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (+90кг) ба тими Тоҷикистон бо ҳисоби умумии 3-2 пирӯзӣ овард ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

 

Инчунин тими Эрон низ барои ҷойи севум бо медалӣ биринҷӣ сарфароз гашт. Дастаи Озарбойҷон ғолиб шуд ва медали тило гирифт. Тими Туркия, ки ҷойи дувумро азони худ кард, бо медали нуқра мукофотонида шуд. 

Зимнан, барои мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ин аввалин медал аз рақобатҳои дастаӣ ба шумор меравад. Вале мунтахаби занонаи ҷудои Тоҷикистон бо сабаби нопурра будани ҳайат дар рақобатҳои дастаӣ ширкат накард.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи инфиродии ҷудо дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) соҳиби медали нуқра, Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар нӯҳ рӯзи мусобиқот ҳашт медал (се медали нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.

Қаблан Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр бо медали нуқра сарфароз гашта буд. Ду паҳлавони тоҷик - Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 29-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 303 медал (127 тило, 97 нуқра ва 79 биринҷӣ) гирифтааст.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 140 медал (46 тило, 38 нуқра ва 56 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум аст. Мунтахаби Эрон бо касби 127 медал (38 тило, 41 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 85 медал (26 тило, 30 нуқра ва 29 биринҷӣ), Қазоқистон - 80 медал (24 тило, 22 нуқра ва 34 биринҷӣ), Индонезия - 51 медал (12 тило, 10 нуқра ва 21 биринҷӣ), Марокаш - 46 медал (12 тило, 10 нуқра ва 24 биринҷӣ), Баҳрайн - 23 медал (9 тило, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ), Қирғизистон бо касби 30 медал (8 тило, 8 нуқра ва 14 биринҷӣ) ва Алҷазоир – 33 медал (7 тило, 11 нуқра ва 15 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 44 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 20 медал (4 тило, 5 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 12-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумораи камтари медалҳо ва бидуни нишони тило дар ҷойи охирин аст.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки имрӯз, 18-уми август, ба анҷом мерасад, 20 намуди варзиш дохил буд. Варзишгарони тоҷик бо шумули 48 нафар дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд – варзиши сабук, вазнабардорӣ, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ), камонварӣ, каратэ-до, таэквондо WT, тенниси рӯи миз ва ҷудо иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз ин пеш 6 медал (як тилло, як нуқра ва чаҳор биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

И вновь аномальные холода весной. Лето может задержаться?

Военнослужащая из Истры получила орден Мужества

Россиянам рассказали, как легко просыпаться по утрам на работу

На выезде с Южной рокады на МСД идет строительство четырех путепроводов

Музыкальные новости

Как Россия побеждает в Африке: Волна военных переворотов приносит Путину новых союзников

В Пушкинский день театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Ресрублики Бурятия: Россия и Культура, Дети

Дети из землячества Узбекистана в Улан-Удэ стали зрителями театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура

Мишустин предложил повысить Дениса Мантурова до первого вице-премьера

Новости России

И вновь аномальные холода весной. Лето может задержаться?

Супруги из Нижнего Новгорода стали героями реалити-шоу «Клиника счастья. Реалити»

На выезде с Южной рокады на МСД идет строительство четырех путепроводов

103 из 105 детских лагерей Подмосковья уже готовы к летнему сезону

Экология в России и мире

Google вводит новую кнопку "Поделиться" для результатов поиска, расширяя возможности обмена данными

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура

Мануальные зубные щетки Revyline Perfect и зубная паста Organic Detox для профилактики кариеса в Тольятти

Стой и не двигайся: доктор Кутушов рассказал, что делать при встрече со змеями

Спорт в России и мире

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады

Касаткина обыграла Марию и вышла в третий круг турнира WTA-1000 в Риме

Казахстан узнал еще одну печальную новость после сюрприза Рыбакиной

Рафаэль Надаль: Рекордный 10-кратный чемпион, побежденный в двух сетах Хубертом Гуркачем на Открытом чемпионате Италии | Теннисные новости

Moscow.media

Утро на озере...

Осень в Хибинах...

Сергей АРУТЮНОВ на своём сольном концерте в Государственном Кремлёвском Дворце презентовал дуэт с Родионом Газмановым. Артисты вместе исполнили хит “Люси”

Ко Всероссийской акции «Георгиевская ленточка» присоединились сотрудники вневедомственной Росгвардии по Московской области











Топ новостей на этот час

Rss.plus






​Utair запускает прямые рейсы из Нижневартовска в Сочи

Россиянам рассказали, как легко просыпаться по утрам на работу

И вновь аномальные холода весной. Лето может задержаться?

Супруги из Нижнего Новгорода стали героями реалити-шоу «Клиника счастья. Реалити»