Сарфи назар аз он ки санаи баргузории райъпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон маълум нест, дар маҳаллаҳо ва корхонаҳои он кишвар омодагӣ ба ин маърака ба таври комил пеш меравад.
Таҳқиқи парвандаи хабарнигорон, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба марҳилаи ниҳоӣ расида, эҳтимол рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода шавад. Як далели мақомот зидди онҳо таблиғи ширкате будааст, ки номи соҳибаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллист. Хабарнигорон гуфтаанд, дар ин бора намедонистанд.
Бонкҳои Қирғизистон бояд пули фиристодаи муҳоҷиронро наздиконашон ба соми қирғизӣ ва баробар ба қурби бозор диҳанд. Дар ин бора аз Бонки миллии Қирғизистон хабар доданд. Дар ин бора рӯзи 27-уми июл қарор қабул шудааст.
Узбекистону Русия тасдиқ карданд, ки тасмим доранд, бо роҳбарияти кунунии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора Сергей Лавров дар мусоҳиба бо расонаҳои Узбекистон хабар дод.
Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки аз 9-ум то 18-уми августи соли равон дар шаҳри Қунияи Туркия доир мегардад, иштироки варзишгарон аз 57 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Ба иттилои The New York Times, қарор дар ин бора рӯзи 28-уми июл ва бо ҷонибдории аъзои Сенат қабул шуд.
Додситон: Ду занро дар Деваштич "бо бераҳмии махсус" куштаанд.
Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, фаъоли мухолифонро ба 18 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ба иттилои дарёфтӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби Туркия хостааст, Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд)-ро, ки мақомот "узви хатарноки ДОИШ" ном мебаранд, ба онҳо бисупорад. Масъулон расман иттилоъ намедиҳанд. Ҷониби Туркия дар бораи эҳтимоли истирдоди "Абу Довуд" чизе нагуфтааст.
Дар сӯхтори хобгоҳе дар шаҳри Маскав 8 кас ҷон бохта, се тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Як ҳамкори пешини Иззат Амон, ки ба иддаои наздиконаш моҳе пеш дар вилояти Курски Русия “нопадид” шуда буд, аз боздоштгоҳе дар Душанбе аз худ дарак додааст. Эмомалӣ Холови 30-сола чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дошт.
Тайи рӯзҳои ахир иддаоҳо дар бораи аломатгузориҳои нави марзӣ аз сӯи Покистон дар бахшҳое аз ноҳия ё вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон, сару садоҳоеро дар расонаҳои Афғонистон ва Покистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.
Вабои коронавирус аз бозори шаҳри Вуҳан шуруъ шудааст. Ду гуруҳи олимон ба чунин хулоса расидаанд. Онҳо бо усулҳои нав ду пажуҳиш анҷом додаанд. Дар ин бора маҷаллаи Science хабар медиҳад. Дар пажуҳиши аввал барои дарки паҳншавии вабо, олимон василаҳои картографӣ ва хабари шабакаҳои иҷтимоиро истифода кардаанд. Онҳо ба хулоса расидаанд, ки дар охири соли 2019 вирус дар бадани ҳайвонҳое мавҷуд буд, ки дар бозор фурӯхта мешуданд. Навъи он ҳайвонҳо хабар дода намешавад, аммо гуфта мешавад, ки онҳо ба ҳамдигар наздик қарор доштанд. Читать дальше...
Амонбой Оринбоев, вазири корҳои дохилии Қарақалпоқистони Узбекистон аз мақом барканор шуд. Оринбоев муовини раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қарақалпоқистон дар умури муҳитзистӣ таъйин шудааст. Вай моҳи марти соли 2022 ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23 июл додситони кулли Қарақалпоқистон низ иваз шуда буд. Тағйироти ахир дар ҳолест, ки рӯзҳои 1-2 июл дар Қарақалпоқистон эътирози оммавӣ рух дод. Сокинон зидди тағйироти нав ба Конститутсия буданд, ки мухторияти Қарақалпоқистонро... Читать дальше...
Айдос Укибой, котиби матбуотии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки Назарбоев баъди "рухсатӣ" аз Туркия баргаштааст. "Нурсултон Назарбоев баъди рухсатӣ дар ҳалқаи пайвандон ва наздиконаш аз Туркия ба Қазоқистон баргашт", - навишт Айдос Укибой. Сухангӯи президенти пешини Қазоқистон ҳамчунин навишт, ки "хилофи овозаҳо, президенти пешин дар Туркия бо афроди расмии кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони тиҷорат мулоқот накардааст". Расонаҳо пештар аз ин навиштанд... Читать дальше...