Дар Қарақалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Узбекистон тазоҳурот сар задааст ва аксаран дар пойтахти ҷумҳурӣ дар шаҳри Нуқус. Раҳпамоиҳо дар шаҳрҳои Чимбой ва Муйнак ҳам сурат гирифтаанд.
Ду вакили бонуфузи мухолифонро аз мақомҳояшон дар порлумони Арманистон маҳрум карданд, чун ду нафар тазоҳурот бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашиниёнро раҳбарӣ мекарданд. Тамоми 66 вакили Шӯрои Мардумии Арманистон зимни раъйгирӣ дар порлумон дар рӯзи 1-уми июл ба тарафдории аз мақоми муовини раиси порлумон барканор кардани Ишхон Сағателиён ва аз мақоми раиси кумиссиёни иқтисодии порлумон барканор кардани Ваге Акопиён раъй додаанд. Аксари вакилон аз Ҳизби Аҳди Мардумии Никол Пашиниён буданд... Читать дальше...
Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон гуфтааст, кишвараш то аввали соли 2023 соҳиби ду киштии азими интиқолдиҳандаи гази моеъ шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи пешакии марги як ҷавонзани 25-сола аз Файзобод нишон дод, ки ӯ худкушӣ кардааст ва сабаби марги ӯ каси дигаре нест. Додситонӣ рӯзи 2-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, бо вуҷуди ин тафтиши марги Манораи Абдуфатоҳ идома дорад.
Мақомоти расмӣ дар Эрон мегӯянд, заминларзаи қавӣ шаби гузашта ин кишварро такон дода ва сабаби талафот дар байни мардум шудааст. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 2-уми июн гузориш дод, ки дар натиҷаи заминларзаи 6.3 дараҷаӣ дар вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби шаҳри Теҳрон камаш 5 нафар кушта ва 44 тани дигари захмӣ шудаанд. Зилзила бомдод рух дода ва хонаҳои мардуми рустои Саёҳхушро вайрон кардааст. Ҳоло маълум нест, талафот дар кадом маҳалли кишвар будааст. Эрон дар яке аз гӯшаҳои зилзилахези курраи Замин ҷойгир аст. Читать дальше...
Бино ба оморҳои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон дар байни кӯдакон ва наврасони то 18-сола 30 мавриди нави сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ-ро пайдо кардаанд.
Латофати 47-сола бо дарду алам пайваста мегиряд ва нолаҳои зораш ҳам аз зарбу лати шавҳараш аст. Мегӯяд, баъд аз онки ҳамсараш кордро дар гулӯяш гузошту таҳдид ба куштан кард, маҷбур шуд, бо чаҳор фарзанд аз хонаи шавҳар бигурезад.
Латофати 47-сола аз ҷабру ситами шавҳар се духтарашро гирифту аз хона гурехт. Шавҳараш мегӯяд, аз ӯ нопурсида телефон харидааст.
Роҳи интиқоли доруҳои қочоқӣ ба Афғонистон аз маконе дар як хиёбони Теҳрон, пойтахти Эрон, оғоз мешавад.
Наваду панҷ дар сади доруворӣ ба Афғонистон ба таври қочоқӣ ворид мешудааст. Як таҳқиқоти Радиои Фардо маълум кард, ки аксари доруҳои қочоқӣ аз Эрон ба Афғонистон бурда мешаванд. Ин дар ҳоле, ки қимати дору дар худи Эрон боло рафта, бархе аз доруҳои ҳаётан муҳим камчин шудааст.