Намояндаи вижаи Девони вазирони Қирғизистон дар масоили марзӣ, Назирбек Борубоев, гуфтааст, ҷаласа 22-юми июл оғоз шуд ва панҷ рӯз идома хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилое надоданд.
Бемории сурхакони маймун даҳҳо сол боз дар Африқо вуҷуд дошт, аммо аз моҳи майи имсол ба ин сӯ ба суръат дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. То кунун ҳазорҳо нафар дар беш аз 70 кишвар ба он мубтало шудаанд.
Агар хабар дорӣ, ҳатман медонӣ, ҳоло дар бораи киҳо ҳарф мезанам. Аммо, агар бехабарӣ, кофист, дар ҷустуҷӯгари гӯшии ҳамроҳат номи Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро бинависӣ, то аз кӣ будани онҳо ва чиро дастгир шуданашон огоҳ шавӣ.
Сарвазири Маҷористон гуфтааст, Киев наметавонад, ба зидди нерӯҳои ба гуфтааш бузурги Маскав пирӯз шавад.
Ба хабари расонаҳои давлатии Эрон, рӯзи 23-юми июл дар натиҷаи омадани сел дар вилояти ҷанубии Форс камаш 21 нафар ҷон бохтаанд.
Ҳодиса рӯзи 24-уми июл ва ҳангоми амалиёти нерӯҳои исроилӣ дар хонае дар шаҳри Наблус рӯй додааст.
Дар Тоҷикистон аз амалиёти соли 2012 дар Хоруғ ва қурбониёни ҳодиса расман ёд намекунанд, аммо баъзе аз шахсони алоҳида дар маҳфилҳои хурду ҷудогона ва шабакаҳои иҷтимоӣ он рӯзро ба хотир меоранд.
Ҳукумати Амрико кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое дохил кард, ки эҳтимол ба давр задани таҳримҳои Ғарб ба Русия ва Беларус мадад кунанд. Ин феҳрастро шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молӣ ва идораи саноату бехатарии Вазорати молияи Амрико таҳия кардааст.
Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иддао доранд, ки бо истифода аз фишангҳое, ки дар ихтиёрашон ҳаст, низоми бонкии кишварро дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштаанд.