Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 6-уми июл гуфт, ба таҳқиқи ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Додгоҳи Бишкек дархости Болот Темиров, рӯзноманигори таҳқиқотгар ва бунёдгузори саҳифаи Temirov LIVE-ро дар YouTube, барои кушодани парвандаи ҷиноӣ ба зидди кормандони пулис рад кард.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 7-уми июл, як рӯз баъд аз нашри хабари қатъи фаъолияти Консорсиуми лӯлаи Хазар, ба муҳлати як моҳ гуногунсозии роҳи интиқоли нафтро ба хориҷ "вазифаи муҳим" номид.
Порлумони Аврупо аз талафот дар ҷараёни тазоҳурот дар Бадахшон ибрози таассуф карда, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хушунатбори эътирозгарон, хабарнигорон ва дигар фаъолони маданӣ маҳкум кардааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, гуфтааст, онҳо талош хоҳанд кард, то дастандаркорони партоби мушакҳо аз хоки Афғонистон ба Узбекистон дастгир ва муҷозот шаванд.
Яке аз онҳо дар маҳалли ҳодиса ва дувумӣ дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.
Пас аз як моҳи афзоиши қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ, арзиши он дар бонкҳои Тоҷикистон дигарбора поин рафт. Баръакс, арзиши доллари амрикоӣ тайи ду рӯзи охир тақрибан ҷойгоҳи пешинаашро гирифтааст.
Дар Тоҷикистон дубора арзиши рубли русӣ дар баробари сомонӣ поин рафт. Қурби рубл барои аксар сокинони Тоҷикистон як мавзӯи муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.
Вазири рушди рақамии Қирғизистон Талантбек Имонов дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодиро дар бораи азхудкунии 54 миллион сом дар корхонаи "Улан" шарҳ дод.
Худи ӯ пештар гуфта буд, бо ҳукмҳо розӣ нест, вале шикоят намекунад, зеро "ба адолати додгоҳӣ дар кишвар бовар надорад".
Ӯ дар баёния гуфт: “Билохира, таъсири тӯпхонаҳое, ки аз шариконамон гирифтем, эҳсос мешавад, онҳо бисёр қавӣ ҳастанд.”
Як мақоми Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ин хонаводаи кишварҳои аврупоӣ қасд дорад, бузургтарин сармоягузори нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон шавад.
Бино ба гузоришҳо, сарвазири Бритониё, Борис Ҷонсон, рӯзи 7-уми июл розӣ шудааст, ки аз мансаб истеъфо бидиҳад.
Вақте мардон аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷират мераванду моҳҳо ва баъзан солҳо ба хонаи худ барнамегарданд, занону фарзандонашон чӣ эҳсосу орзу доранд? Мустанади "Чашмбароҳ" дар ин бора аст ва аз интизорӣ, ранҷ ва таманнои се зани тоҷикистонӣ қисса мекунад.
Мақомоти Эрон аз боздошти чанд дипломати аврупоӣ ба иттиҳоми "ҷосусӣ" хабар доданд. Бархе аз кишварҳо боздошти дипломатҳои худ дар Эронро рад кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Узбекистон гуфтааст, Интернет дар Қароқалпоқистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "хабарҳои дуруғ" ва "ҷалби шаҳрвандон ба фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ" муваққатан қатъ карда шудааст. Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, хабарҳое беасос паҳн мешаванд, ки ҳукумати Узбекистон гӯё барои "пароканда кардани гирдиҳамоии осоишта", "хомӯш кардани садои мустақил ва бастани иттилоот" вазъи фавқулода эълом карда, ғайриқонунӣ аз нерӯ истифода кардааст. Вазорати умури хориҷии Узбекистон... Читать дальше...
Беш аз 30 нафар ба далели аз даст додани эътимод ба сарвазир Борис Ҷонсон ҳукумати Бритониёро тарк карданд. Дар миёни онҳо раҳбарони баъзе аз вазоратҳо низ ҳастанд. Вазирони тандурустӣ ва молияи Бритониё дирӯз баъди он мақомҳои худро тарк карданд, ки Ҷонсон ба ҷои Крис Пинчер вакили порлумон таъйин шуд. Ин узви Ҳизби муҳофизакор, ки ба озори ҷинсӣ дар ҳолати мастӣ айбдор шуд, як ҳафта пеш истеъфо дода буд. Чандин вазири истеъфодода бо навиштани номае ба сарвазири Бритониё гуфтанд, ки аз мақомаш канор равад, вале ӯ посухи рад дод. Читать дальше...
Як гурӯҳ аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятии шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи 6 июл ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни моҳи декабри соли 1986 ва январи соли 2022 дар майдони "Ҷумҳурӣ"-и шаҳр ҷамъ шуданд. Созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ баъди дуо дар ҳаққи кушташудаҳо суроби муҷассамаи қурбониёни "Январи хунин"-ро ба иштирокдорон нишон доданд. Он муҷассамаи марде мебошадд, ки дар даст парчами Қазоқистонро дорад. Булат Абилов, сиёсатмадори қазоқ гуфт, ин мард Берик Абишов аст ва ҳангоми кушта... Читать дальше...