Камаш ду манбаъ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғара гуфтанд, ки Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб, бар асари латукӯб ва захмҳои бардоштааш дар шифохона ҷон бохтааст.
Русия аз 11-уми июл интиқоли газро ба Олмон тавассути лӯлаи "Ҷараёни шимол" қатъ кард.
Дар як соли охир (аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022) нархи хона дар Қазоқистон 26,8 дарсад афзудааст.
Вокуниш ба боздошту бозпурсии пайиҳами журналистон ва блогерҳо асосан манфӣ буда, коршиносон бовар доранд, "ин воқеаҳо боиси паст шудани обрӯи Тоҷикистон мегардад". Инчунин, онҳо таъкид мекунанд, ки бояд ҳамагуна боздошт дар доираи қонун сурат гирифта, сабабҳои он ба ҷомеа шарҳ дода шавад.
Баъди тақрибан як моҳи боздошти Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дастгир шудани ду хабарнигори дигар ҷомеаи журналистони тоҷикро такон дод. Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналист ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро мақомот ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надодаанд.
Муҳлати сабти онлайнӣ ба донишгоҳҳоро барои довталабони қарақалпоқистонӣ дароз карданд. Дастрасӣ ба интернет дар Қарақалпоқистон маҳдуд аст.
Дар пайи афзоиши мавридҳои сироят ба СOVID-19 дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон, дар Тоҷикистон ҳам чораҳои пешгиртӣ аз сирояти вирус сахттар шудааст.
Туркия дар бист соли охир бори аввал аст, ки мегӯяд, гази Туркманистонро тавассути Озарбойҷон харидорӣ хоҳад кард.
Созмони байнулмилалии Genocide Watch ё Дидбони наслкушӣ дар гузорише гуфт, ақаллияти помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фишорҳои афзоянда, муҳокима ва боздошт аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дучор шудааст.
Шаҳрвандони Ҳинду Эрон ва Чин метавонанд, бе виза вориди Қазоқистон шаванд ва дар он кишвар ду ҳафта бимонанд. Ин тартиб аз 8-уми июл ба иҷро даромад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар чаҳор соли гузашта ва се моҳи имсол барои зӯроварӣ ба кӯдакону ноболиғон ба зидди 63 кас парвандаи ҷиноӣ боз карда, гунаҳкоронро ҷазо додаанд.
Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон ва ҷаҳон рӯзи 11-уми июл солгарди ба тахт нишастани Шоҳзода Карим Оқохони 4 – имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд.
Заррина (номи шартӣ) 37-сола аст ва даҳ сол пеш ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) олуда шудааст. Ин сокини шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, мегӯяд, бемориро аз шавҳари муҳоҷираш гирифт, аммо баъди онки баъзе атрофиён “дард”-ашро фаҳмиданд, зери таъна монд.
Баъзе аз сокинони Кобул, ки барои ҳалли мушкилоташон ба идораҳои ҳукумати Толибон муроҷиат кардаанд, мегӯянд, ба сабаби надоштани риш ба онҳо иҷозаи даромадан надоданд.
Ба иттилои дарёфтӣ, Абубакр Саидзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб, баъди баҳс бар сари тақсими об ва боло рафтани фишораш, фавтидааст.
Теннисбоз Новак Ҷокович бори ҳафтум аст, ки қаҳрамони мусобиқаи Уимблдон шуд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа вай варзишкори австролиёӣ Ник Киросро мағлуб кард. Ин 21-умин пирӯзии варзишкори сербистонӣ дар мусобиқоти Кулоҳи бузург аст. Кирос бори аввал аст, ки ба марҳилаи ниҳоӣ ё финали Кулоҳи бузург мерасад. То ин финал Кирос бо Ҷокович ду маротиба қувваозмоӣ карда буданд. Ҳар ду бор варзишкори австролиёӣ Ҷоковичро мағлуб карда буд. Дар рӯзи финали ҷоми Уимблдон варзишкори сербистонӣ ва ҳамсари... Читать дальше...
Зайнилобиддин Низомиддинов, раиси Дастгоҳи президенти Узбекистон баъди ҳодисаҳои хунуни Қарақалпоқистон аз мақом барканор шуд. Баъди барканорӣ ӯро муовини раиси Иттифоқи касабаи Узбекистон таъйин кардаанд. Маълум нест, ки Низомиддинов маҳз дар робита ба ҳодисаҳои Қарақалпоқистон барканор шудааст ё сабаби дигаре ҳам дар миён аст. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки Низомиддинов раванди воридсозии тағйир ба Конститутсияи Узбекистонро роҳбарӣ мекард. Дар суханрониаш рӯзи 2-юми июл дар шаҳри Нуқуси... Читать дальше...