Маъмурони интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, рӯзноманигори мунтақид Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 9-уми июл дигарбора ба бозпурсӣ даъват карда, ба қавли яке аз шахсони наздикаш, "то ҳанӯз ҷавоб надодаанд".
Пас аз ду соли маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус ин тобистон бархе сокинон барои истироҳати тобистонаи худ ба хориҷ аз кишвар рафтаанд.
Кӯдаке, ки бо вазни рекордӣ дар Кӯлоб таваллуд шуда буд, 5-сола мешавад. Ӯ ҳангоми ба дунё омадан ҳашт кило вазн дошт ва ба гуфтаи пизишкон, ҳеҷ гоҳ дар кишвар бо чунин вазн тифле ба дунё наёмада буд.
Бархе сокинон пас аз ду соли маҳудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз КОВИД 19 сафар барои истироҳат дар хориҷро оғоз кардаанд. Сокинони миёнаҳол Самарқанду Бухороро интихоб кардаанд ва сарватмандон бештар ба Туркия ва Дубай мераванд. Гурӯҳи зиёд ҳам бинобар бепулӣ ба ҳеҷ ҷо нарафтаанд.
Бунёди “Бузургмеҳр”, як созмони ҷамъиятии тоҷикон дар Аврупо, боздошти Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори собиқи Телевизиони давлатии Тоҷикистон ва бозпурсии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори пешини Радиои “Садои Душанбе”-ро “худсарӣ”-и мақомоти тоҷик номидааст. Ин созмон, ки ба хотири Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи зиндонӣ аз ҷониби пайвандони ӯ таъсис ёфтааст, фишор болои рӯзноманигоронро ба фаъолияти расонавии онҳо рабт додааст. Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, рӯзи 8-уми июл аз ҷониби мақомот боздошт шуд. Читать дальше...
Дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка эътирозгарон қароргоҳи президентро ғасб карданд ва истеъфои ӯро талаб доранд. Президент ба ҷои амн интиқол ёфтааст ва ӯро нерӯҳои баҳрии ин кишвар ҳифз мекунанд. Дар шаҳр миёни эътирозгарон ва пулис задухӯрд ҷараён дорад. Хабаргузории France-Presse бо такя ба мақомоти ин кишвар хабар додааст, ки ҳазорон эътирозгар ба хиёбонҳо рехтаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, 14 эътирозгар захм бардоштааст. Шаби ҷумъа дар Коломбо шабгардиро манъ карданд, вале касе ин амрро иҷро накард. Читать дальше...
Тифле, ки бо гаронтарин вазн дар Тоҷикистон таваллуд шуда буд, панҷсола шуд.
Додситонии кулли Узбекистон 14 нафар, аз ҷумла Давлатмурод Тоҷимуродов, рӯзноманигори фаъол дар Қароқалпоқистонро, барои "талоши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ" айбдор кард. Лолагул Калихонова, рӯзноманигори дигар дар Нуқус, бо айби "анҷом додани амалҳое, ки ба амнияти ҷомеа хатар меорад", низ боздошт шудааст. Додситонӣ хабар додааст, ки ин 14 нафар бинобар сабаби хатар доштан дар ҷомеа то содир шудани ҳукм дар боздошт мемонанд. Дар оғози моҳи июл ҳазорон нафар дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистони Узбекистон... Читать дальше...
Илон Маск, миллиардери амрикоӣ, аз харидории шабакаи иҷтимоии Twitter даст кашид. Моҳи апрел ин сарватманд эълони хариди Twitter-ро карда буд, вале 9-уми июл хабар дод, ки онро намехарад. Ҳуқуқшиноси соҳибкор гуфтааст, ки хадамоти Twitter омода нашудааст, дар бораи саҳифаҳои қалбакӣ ё сапмҳо, ки донистани онҳо барои тиҷорат муҳиманд, маълумот диҳад. Пештар Маск гуфта буд, ки агар саҳифаҳои қалбакӣ 5 дар сади шумораи умумии корбарони ин шабакаро ташкил диҳанд, онро намехарад. Дар бозори саҳҳомӣ... Читать дальше...
Завқибек Саидаминӣ, хабарнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми рӯзи гузашта дар Душанбе боздошт шудааст.
Аксари рӯҳониёни тоҷик дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл, ҳангоми гузоштани намози Иди Қурбон (Азҳо), сокинонро ба “шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат” даъват кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар робита бо мавҷи дигари коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷиши гувоҳномаи эм ва ҳарорати мусофиронро дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд. Ҳамзамон мегӯянд, дар марзҳои Тоҷикистон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.