Чин аз Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Мишел Бачелет дархост кардааст, ки гузориш дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақаи Шинҷони он кишвар нашр нашавад.
Кохи Сафед мегӯяд, президент Ҷо Байден ба коронавируси нав гирифтор шудааст, аммо нишонаҳояш "хеле сабук аст".
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 21-уми июл гуфтаанд, ки кори Кумисюни байниҳукуматиро барои таъину нишонагузории сарҳад “ҷоннок” хоҳанд кард, аммо нагуфтаанд, ки чӣ гуна. Ду кишвар 987 километр марз доранд ва бахше аз он номуайян асту ҳар чанд вақт сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона мешавад.
Вазъи фавқулода дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Узбекистон, ки дар пайи эътирозҳо дар шаҳри Нуқус эълон гашта буд, 21-уми июл бекор карда шуд.
“Толибон сиёсати табъизкоронаро алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ пеш мебаранд", - афзуд Раҳмон.
Юсуф Исҳоқӣ, пизишки тоҷик, ки солҳои дароз раҳбарии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, соли 1996, ҳамагӣ як сол пеш аз имзои созишномаи сулҳ, дар Душанбе кушта шуд. Агар зинда мебуд, рӯзи 21-уми июл ба синни 90 мерасид.
Юсуф Исҳоқӣ, пизишки тоҷик, ки солҳои дароз раҳбарии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, соли 1996, ҳамагӣ як сол пеш аз имзои созишномаи сулҳ, дар Душанбе кушта шуд. Агар зинда мебуд, рӯзи 21-уми июл ба синни 90 мерасид.
Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи чаҳоруми машваратии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ ба хотири рушди минтақаро имзо карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "ҳодисаҳои охир дар кишварҳои мо баёнгари онанд, ки нерӯҳои гуногун то ҳол нақшаи ноором кардани минтақаи [Осиёи Марказӣ]-ро доранд."
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон пешниҳод кард, ки низоми минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода шавад.
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, бар пояи "Генплан" тахриби чойхона дар назар нест.
Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар гузорише гуфт, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар 15-уми августи соли гузашта, чандсад мавриди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башарро дар он кишвар сабт кард.
Вазири иқтисод ва савдои Қирғизистон Дониёр Амонкелдиев 20 июл хабар дод, ки Бишкек ва Маскав пурра ба ҳисоббаробаркунӣ бо рубл гузаштанд. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим баъди берун шудани Русия аз низоми байналмилалии бонкии "SWIFT" гирифта шудааст. "Бале, мо гуфта метавонем, ки пурра гузаштем. Зеро баъди берун шудани Русия аз низоми "SWIFT" анҷом додани муомилот бо асъори дигар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ягона гузина рубли русӣ мебошад", - изҳор доштааст вазири қирғиз. Вай афзудааст, ки пештар Қирғизистону... Читать дальше...
Чин аз моҳи январ то июли соли равон ба маблағи 404 миллион доллар аз Узбекистон гази табиӣ харидааст. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба Хадамоти гумруки Чин иттилоъ дода, ки даромади Узбекистон аз содироти гази табиӣ ба он кишвар дар нимсолаи аввали соли гузашта 2,2 баробар бештар шудааст, вале ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад. Узбекистон ба гуруҳи кишварҳои панҷгонае шомил шудааст, ки тавассути лӯла ба Чин газ содир мекунанд. Дар ин гуруҳ Туркманистон ҳанӯз ҳам дар мақоми аввал буда, дар... Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 21-уми июл ба Қирғизистон сафар кардааст. Дафтари матбуоти президент бо нашри хабарнома гуфт, ҳадаф аз ин сафар ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмонро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон назар ба дигар роҳбарони минтақа як рӯз дертар ба Қирғизистон рафт. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев... Читать дальше...