Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 3-юми июл гуфт, дар ҷараёни нооромиҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон маъмурони интизомӣ ва ғайринизомиён талафот додаанд, вале рақами мушаххасеро ба забон наовард.
Бо гузашти ду ҳафта аз қарори ҳабси хабарнигорону блогерон, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар робита ба қазияи онҳо изҳороте надоданд. Айни замон баъзе аз рӯзноманигорон дар алоҳидагӣ хоҳони раҳоӣ ё баррасии одилонаи парвандаашон шудаанд.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, гуфт, дар ҷараёни нооромиҳо дар Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон маъмурони интизомӣ ва ғайринизомиён талафот доданд, вале рақами мушаххасеро ба забон наовард.
Нишасти садҳо рӯҳонӣ ва раҳбарони қабилаҳо дар Кобул рӯзи 2-юми июл бо изҳори пуштибонӣ аз ҳукумати Толибон ба поён расид. Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, "имороти исломӣ"-ро дар Афғонистон бипазиранд.
Захмиёнро барои муолиҷа ба пойтахт, шаҳри Белград, бурдаанд.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён рӯзи 2-юми июл гуфт, талошҳо барои барқарории сулҳу амният байни Туркия ва Сурия анҷом шуда, Теҳрон аз даргирии нав пешгирӣ хоҳад кард.
Аз тавлиди нахустин “Айфон”, ки дар Тоҷикистон ҳам дӯстдорони зиёд дорад, 15 сол гузашт. Доштани ин телефонро бисёриҳо орзу мекунанду тавлиди навтарин навъашро интизор мешаванд. Барои гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам доштани абзорҳои “Apple”, аз ҷумла “Айфон” мояи ифтихор аст, аммо на ҳама онро мехаранд.
Аз тавлиди нахустин "Айфон", ки дар Тоҷикистон ҳам дӯстдорони зиёд дорад 15 сол гузашт. Доштани ин телефонро бисёриҳо орзу мекунанду тавлиди навтарин навъашро интизор мешаванд. Барои гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам доштани абзорҳои Apple, аз ҷумла "Айфон" мояи ифтихор аст, аммо ҳама онро намехарад. Чаро?
Бар асари чаппа шудани мусофирбаре дар вилояти Балуҷистони Покистон 19 кас ҷон бохта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Додгоҳи Душанбе ҳукми зиндони Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехтаро бетағйир гузошт. Ду моҳ пеш Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро ба гуноҳи "даъват ба сарнагунии ҳокимият" ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард. Чоршанбиев ва вакилони мудофеаш ҳукмро "беасос ва ғайриқонунӣ” медонанд.
Дар Қароқалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон, ки шоҳиди тазоҳуроти норозиён буд, рӯзи 3-юми июл вазъияти фавқулода эълон шудааст. Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон, гуфт, ин ҳолат то дувуми августи имсол идома хоҳад кард.
Рӯзи 3-юми июл ҳунарманди маъруфи балети тоҷик Музаффар Бурҳонов 81-сола шуд. Ин ситораи ҳунар солҳои шӯравӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва шарики рақсиаш Малика Собирова балети Тоҷикистонро дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шӯҳратёр кардааст.
Известному артисту балета Музаффару Бурханову 3 июля исполняется 81 год. Музаффар Бурханов в интервью Радио Озоди, которое было записано у него дома, в Берлине, поделился воспоминаниями о жизни в Таджикистане, знаменитом отце и значении балетного искусства в Таджикистане.