Вазири кишоварзии Қирғизистон Аскарбек Ҷонибеков дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабарҳоро дар бораи додани об ба Қазоқистон шарҳ дод.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро озод кунанд. Мақомот онҳоро ба иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, дастгир кардаанд.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро озод кунанд. Мақомот онҳоро ба иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, дастгир кардаанд.
Муҷассамаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз маркази фарҳангии "Рух Ордо"-и Иссиқкӯли Қирғизистон гирифтаанд.
Мақомоти Қазоқистон аз 23-юми июл маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро дар шаҳри Нурсултон, пойтахти ин кишвар ба далели афзоиши якбораи шумори мубталоён дубора сахттар карданд.
Мақомоти интизомӣ дар Деваштич (Ғончии собиқ) қатли ду зани фаррошро дар Идораи замини ноҳия таҳқиқ доранд. То кунун ду гумонбар дастгир шуда, аммо ангезаи он маълум нест. Мақомот чизе намегӯянд. Пайвандони занон тахмини худро доранд ва муҷозоти гунаҳкоронро мехоҳанд.
Намояндагони Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" беш аз 200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” ёфтаанд, аммо аз он нигаронанд, ки “масъала пурра ҳал нашудааст”. Раҳбарияти “Амонатбонк” гуфтанд, мушкил бо гуноҳи муштариёне сар зад, ки қарз гирифта, сари вақт барнагардонданд.
Мақомоти интизомӣ дар Деваштич (Ғончии собиқ) қатли ду зани фаррошро дар Идораи замини ноҳия таҳқиқ доранд. То кунун ду гумонбар дастгир шуда, аммо ангезаи он маълум нест. Мақомот чизе намегӯянд. Пайвандони занон тахмини худро доранд ва муҷозоти гунаҳкоронро мехоҳанд.
Мақомот ӯро ба пахши ахбори дурӯғ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам медонанд, аммо худаш гуфтааст, бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.
Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 195 ҳазор тонна ангишгт фурӯхтааст
То моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Русия дар пасманзари маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус эълон карда буд, ки сабти будубоши шаҳрвандонро дароз мекунад ва онҳоро барои ҳузури ғайриқонунӣ аз кишвар намеронад.
Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни имсол дар Хоруғ дастгир шуд.
Номзади Эътилофи миллии демократӣ ба раҳбарии Ҳизби халқии Ҳиндустон Драупади Мурму президенти нави он кишвар эълом шуд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум суҳбат мекунанд, баъзе аз сокинон гуфтанд, ки бо нафақа ва музди ками маош чархондани зиндагӣ мушкилтар мешавад.
Полоишгоҳи нафти Данғара то ҳол сармоягузор наёфтааст. Масъулон шаш моҳ пеш ба густариши ҳамкориҳо бо Эрон умед баста буданд. Ҳоло мегӯянд, ки гуфтушунид бо сармоягузорони чинӣ ва араб ҳам сар шудааст. Мушкил сари чист? Дар навор бинед
Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон садҳо ҷилд китоби "Қуръон"-ро дубора ба Афғонистон бозпас гардонидааст. Ин китобҳоро аввали имсол як соҳибкор мехост ба Тоҷикистон ворид кунад, аммо мақомот онро барои ташхис мусодира карда буданд. Суҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин китобҳои "Қуръон" бидуни ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд. "Барои ворид кардани ин китобҳо ягон намуд иҷозатномаи... Читать дальше...
Вазорати маорифи Қазоқистон шарҳ дод, ки чаро соли таҳсил дар ин кишвар дароз карда мешавад. Ба гуфтаи масъулони вазорат, коршиносон борҳо аз ин ниҳод дархост кардаанд, ки соли таҳсил то 20-25 июн дароз ва аз 20 август оғоз карда шавад. Зеро Қазоқистон яке аз тӯлонитарин таътил дар ҷаҳон (130)-ро дорад. Дар ҳоле ки дар бисёре аз кишварҳо ҳамагӣ аз 80 то 100 рӯз таътил аст. Дар пайи ин масъулони Вазорати маорифи Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки соли таҳсилро дар ин кишвар ду ҳафта дароз кунад. Читать дальше...
Ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон ба Русия тавассути ниҳодҳои давлатӣ тақрибан шаш баробар коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Узбекистон, имсол танҳо ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди ин кишвар тариқи ниҳодҳои давлатӣ ба кор дар Русия ҷалб карда шудааст. Манбаъ афзудааст, теъдоди муҳоҷирони узбеке, ки дар нимсолаи аввали имсол барои кор ба Русия рафтаанд, назар ба ҳамин давраи соли 2021 шаш баробар камтар аст. Ба гуфтаи коршиносони умури муҳоҷират, ин рақамҳо нишондиҳандаи он ҳастанд... Читать дальше...