Осим Ғафур ба пулшӯйӣ ва саркашӣ аз пардохти молиёт ё андоз гунаҳкор шудааст.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, танҳо ҳамин сол се додрас ба гумони ришвахорӣ дастгир шудаанд ва ҳоло мунтазиранд, ки ҳамкорони собиқашон онҳоро ҷазо бидиҳанд.
Небойша Стефанович, вазири дифои Сербистон, рӯзи 17-уми июл гуфт, ин ҳавопаймо ёздаҳуним тонна аслиҳаро аз он кишвар ба Бангладеш мебурд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар Афғонистон мегӯяд, ҳамлаҳои Толибонро дар Панҷшеру Бағлон пахш ва талафоти сангине бар онҳо ворид кард. Толибон рад мекунанд.
Вашингтон мегӯяд, ҳайатҳои ҳарбии Маскав ба Эрон рафтаанд, то ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии он кишварро арзёбӣ кунанд.
Ин музокироти муҳими ду тараф пас аз ҷанги соли 2020 бар сари ин минтақаи баҳсӣ будааст.
Элобат Оғалиқова, сокини ноҳияи Спитамен, моҳи июни имсол иддао кард, ки барои шеваи либоспӯшиаш ба ҷашни расмии ваҳдат дар ноҳия роҳ наёфт ва дар идораи милиса зери латукӯб монд. Мақомот, бараъкс, ӯро ба итоат накардан ба амри маъмурони милиса муттаҳам медонанд.
Зане, ки аз боздошти ғайриқонунӣ ва латукӯб шуданаш аз тарафи пулиси маҳаллӣ шикоят карда буд, аз мақомот ҷуброн дарёфт кардааст, вале ба шикояташ ҳоло посух надодаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон алайҳи 61 шаҳрванди Амрико, аз ҷумла Майк Помпео, вазири собиқи умури хориҷии он кишвар, таҳрим ҷорӣ кардааст.
Ҳукумати Толибон иддао дорад, чанд нафареро, ки аз хоки Афғонистон ба тарафи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамлаи мушакӣ кардаанд, боздошт намуд.
Чӣ тавр қароргоҳи пешини президент ва ҳазорҳо гектар замин ба моликияти шахсии Назарбоев ва пайвандонаш табдил ёфтанд? Ҷазираи сунъӣ дар пойтахти Қазоқистон ва қасрҳои дохили он ба кӣ тааллуқ доранд?
Ҷо Байден рӯзи 16-уми июл дар нишасти Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Арабистони Саудӣ гуфт, "мо канор нахоҳем рафт ва холигоҳеро боқӣ намегузорем, ки онро Чин, Русия ва ё Эрон пур кунанд."
Баҳонаи муовини раиси Хадамоти алоқа дар бораи суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон баҳси зиёдро бапо кард. Дар ҳоле ки мардум ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқаро ба танзими, ба гуфтаашон, нодурусти Интернет танқид мекунанд, Илҳом Атоев рӯзи 13-уми июл гуноҳро ба дӯши муштариён гузошт.
Баҳонаи муовини раиси Хадамоти алоқа дар бораи суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон баҳси зиёдро бапо кард. Дар ҳоле ки мардум ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқаро ба танзими, ба гуфтаашон, нодурусти Интернет танқид мекунанд, Илҳом Атоев рӯзи 13-уми июл гуноҳро ба дӯши муштариён гузошт.