Сафари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Туркияро бархе аз фаъолони сиёсии тоҷик, ки дар ин кишвар паноҳандаанд, “талош барои фишор ва боздошти мухолифон”-и муқимӣ номидаанд.
Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки соати 12:00-и рӯзи 23-уми июл дар Душанбе тифле таваллуд шуд, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион баробар кард.
Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба навъи сабуки коронавирус гирифтор шудааст. Дар Кохи Сафед гуфтанд, рӯҳияи президент хуб аст ва бемориро сабук пушти сар мекунад. Рӯзи ҷумъа Байден вақте бо сармушовири иқтисодии худ суҳбат мекард, чанд бор сулфид, вале гуфт, ки “худро хуб ҳис мекунад.” Мақомдорони амрикоӣ гуфтаанд, ки Ҷо Байден бо фосила аз атрофиён ба кори худ давом медиҳад. Дар Кохи Сафед даҳҳо нафареро, ки бо Байден наздикӣ доштанд, озмоиш карданд, вале ба гуфтаи мақомот... Читать дальше...
Қирғизистон, кишвари маъруф дар миёни кӯҳнавардон, талош дорад, бо Қумис, нӯшокие, ки аз шири асп омода мешавад, сайёҳони бештарро ҷалб кунад.
Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия, ба расонаҳо гуфтааст, ки соли гузашта дар ин кишвар наздики як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ сабт шуда буд. Русия муҳоҷиронеро, ки "ғайриқонунӣ" меномад, боздошт ва ихроҷ мекунад. То моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Русия дар пасманзари маҳдудиятҳо ба хотири коронавирус эълон карда буд, ки сабти будубоши шаҳрвандонро тамдид мекунад ва онҳо барои ҳузури ғайриқонунӣ аз ин кишвар хориҷ намешаванд. Вадим Коженов нагуфтааст, ки ин муҳоҷирон кӣ буданд ва сарнавишти онҳо чӣ шудааст. Читать дальше...
Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, ки ба номи масҷиди “Ҳоҷӣ Яъқуб” маъруф аст, бозсозӣ мешавад. Ду сол пеш сару садо пайдо шуда буд, ки эҳтимол ин масҷид тахриб ё ба ҷои дигар кучонида шавад. Ҷамшед Сафар, масъули ширкати "Сабо" дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки “корҳои таъмирӣ дар ин ҷозибаи таърихӣ, сайёҳӣ ва ибодатиро бар душ гирифтааст." Ӯ бо нашри аксҳои тарҳи нави бозсозии масҷид навиштааст, ки “намои ин масҷиди овозадорро бо рангҳои сафеду сабз ҷилои наву таровати тоза” мебахшанд. ... Читать дальше...
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” гуфт, тоҷироне, ки молу маҳсулоти бесифат ва мӯҳлаташ гузаштаро "довталабона" ба анборҳои ин ниҳод месупоранд, номашонро ошкор намекунад. Ин шеваи кор, ба гуфтаи масъулин, барои пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунанда ва фуруши молҳои бесифат ва мӯҳлатгузашта дар бозорҳои кишвар мусоидат мекунад. Масъулони “Тоҷикстандарт” мегӯянд, ба хотири ҳамкорӣ ва риоят кардани ҳуқуқи истеъмолкунанда чунин соҳибкорон қадрдонӣ мешаванд. Иқдоми намоишӣ ё ҳимояи ҳаққи мардум? Парвиз Муҳибов... Читать дальше...
Намояндагони Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" беш аз 200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” ёфтаанд, аммо аз он нигаронанд, ки “масъала пурра ҳал нашудааст”. Раҳбарияти “Амонатбонк” гуфтанд, мушкил бо гуноҳи муштариёне сар зад, ки қарз гирифта, сари вақт барнагардонданд.