Газпром интиқоли гази табиӣ ба Олмон тавассути лӯлаи гази баҳсбарангези “Северный поток-2”-ро, ки аз бистари баҳри Балтика мегузарад, шурӯъ кард. Дар бораи шурӯи интиқол ва захиракунии газ ширкати зертобеи Газпром - рӯзи 4-уми октябр Nord Stream 2 AG хабар дод, ки дар Швейсария сабтином шудааст. Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки Аврупо дар остонаи зимистон бо коҳиши захираҳои гази табиӣ ва афзоиши нархи захираҳои энержӣ рӯбарӯ шудааст. Матбуоти Олмон гуфт, ки газ аллакай моҳи октябр дастрас мешавад. Читать дальше...
Як таҳқиқоти амрикоӣ ба хулосае омадааст, ки эмшавӣ бо ду воксинаи ширкатҳои Pfizer/BioNTech дар давоми шаш моҳ аз бистаришавӣ бар асари COVID-19 пешгирӣ мекунад. Натиҷаҳои таҳқиқоте, ки рӯзи 4-уми октябр дар маҷаллаи тиббии Lancet нашр шуд, мегӯяд, ду воксинаи ин ширкат дар 90 дарсади ҳолатҳо аз зарурати интиқоли бемор ба шифохона ва ҳам аз олудашавӣ ба навъи сангини коронавирус нигоҳ медорад. Айни замон, таҳқиқот собит кардааст, ки таъсири воксина бо гузашти вақт кам мешавад ва агар моҳи аввали эмшавии пурра 88 дарсад манфиатовар бошад... Читать дальше...
Масъулони "Барқи тоҷик" гуфтанд, ширкати "Брешно"-и Афғонистон ваъда додааст, ки қарзашро "баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ" дар он кишвар мепардозад.
Рӯзи сеюми октябр ба таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите оғоз кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт.
Рӯзи сеюми октябр аз таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите шурӯъ кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт. Чунин мушкилиҳо имкон намедод, шумори барномаҳо бештар карда шавад ва эфири телевизионро барномаи хабарии аз се то панҷ дақиқаӣ ва намоиши филмномаҳо пур мекард.
Сокинони деҳаи Дийкан-Киштаки вилояти Ӯши Қирғизистон аз қарори мақомоти давлатӣ дар робита ба тахриби хонаҳояшон норозӣ ҳастанд. Онҳо пиёда мехоҳанд, то шаҳри Бишкек расанд. Киял Арстанов, яке аз сокинон гуфт, онҳо рӯзи 1 октябр ба роҳ баромада, ҳоло то ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод расидаанд. Вай гуфт, бо меҳнати худ хона сохта, зиндагиашро ба сахтӣ пеш мебарад. "Садои мо ба мақомоти болоӣ нарасид. Мо мехоҳем, ба президент Содир Ҷабборов ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев муроҷиат кунем. Агар онҳо ҳам хонаҳои моро ғайриқонунӣ донанд... Читать дальше...
Бозиҳои даври 22-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 2-юм ва 3-юми октябр баргузор шуданд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқа - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 0:0 ба анҷом расид. “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 52 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 42 имтиёз зинаи дувумро касб намудааст. Дар бозии дигар Клуби марказии... Читать дальше...
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-уми октябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканди Узбекистон шуд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Туркманистон, Бердимуҳаммадовро дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифтааст. "Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз майдони "Мустақиллик"-и пойтахти Узбекистон боздид карда, дар назди Ёдгории Истиқлоли он кишвар ба нишони эҳтиром гулчанбар гузошт", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. Гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар 5 октябр дар қароргоҳи "Куксарой" баргузор мешавад.