Масъулони як созмони вобаста ба мухолифини тоҷик дар хориҷа аз раҳбарияти Порлумони Аврупо хостаанд, ки шаш талаби онҳоро дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар миён бигузоранд.
Кумитаи андози Тоҷикистон аз як созмони иҷтимоӣ талаб дорад, ки шаш дарсад маблағеро, ки аз созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчун грант (кумаки бебозгашт) гирифтааст, ба давлат бисупорад.
Мақомоти Русия гуфтанд, ки рӯзи 8-уми октябр фавти 936 нафарро аз коронавирус сабт карданд. Ин омори баландтарини рӯзонаи маргу мир аз бемории ҳамагир дар Аврупо аст.
Абулҳасан Банисадр, раисҷумҳури аввалин дар ҳукумати исломии Эрон, рӯзи 9-уми октябр дар 88-солагӣ дар Париж (Порис) даргузашт. Хонаводаи Банисадр дар баёнияе рӯзи шанбе навиштанд, "ӯ пас аз як давраи тӯлонии беморӣ дар шифохона ҷон дод".
Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, рӯзноманигор ва узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, шиканҷа нашуда, балки дар пайи муноқишаи лафзӣ "латукӯб шудааст".
Номи Асел Қурманбоева, ҳамсари ғайрирасмии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ду тан аз атрофиёни ӯ дар маркази таҳқиқоти “Pandora Papers” (Авроқи Пандора) қарор гирифтаанд.
Оиша Қодироваи 22-сола аз моҳи сентябри соли 2020 дар мансаби муовини вазири фарҳанг кор мекард. Аз ин пеш мудири хонаи муди "Фирдавс" буд. Намоиши либосҳояш дар Парижу Дубай, Маскав ва Грозний баргузор шудааст.
Баъди берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон ва ба қудрат расидани “Толибон” дар ин кишвар, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва “Толибон” бори аввал рӯбарӯ суҳбат мекунанд.
Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар паёме гуфтааст, ки ҳамлавар аз мусулмонҳои уйғури Чин буд.
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар Фейсбук кашфи гӯри дастҷамъии нерӯҳои ин ҷабҳаро тасдиқ карда, ин хабарро "ваҳшатнок" донистааст.
Оё "Толибон" ба зидди занон ҷанг эълон кардаанд? Чаро пеш аз ҳама ҳаққи занро зери по мекунанд? Магар ба зан нафрат доранд, ки ӯро зери чодари сиёҳ мехоҳанд бубинанд, намегузоранд, ба мактаб равад, омӯзад ва мисли марде ҳақ дошта бошад, аз хона берун ояд?
Оё "Толибон" ба зидди занон ҷанг эълон кардаанд? Чаро пеш аз ҳама ҳаққи занро зери по мекунанд? Магар ба зан нафрат доранд?
Наздик ба як ҳазор кас аз қабл барои худ дар мазори ҷанубу ғарби Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҷой харидаанд. Ин дар ҳолест, ки мазори мазкур ба далели ҷо надоштан соли ҷорӣ баста шудааст.
Рӯзи 8-уми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон 13 фаъоли ҷамъиятӣ, ки дар "иштирок" дар созмони мамнуъ ва "ташкил"-и созмони ба ин монанд гунаҳкор мешаванд, дар додгоҳ сухани охиринашонро баён карданд.
Додгоҳе дар шаҳри Боку як фаъоли мухолифинро аз ҳизби Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон ба сездаҳ сол зиндон маҳкум кард. Ҳукм 8-уми октябр содир шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо ба он кишвар маҳдуд кардаанд. Имсол дар Тоҷикистон 9 мавриди сирояти полиомиелити навъи дувум сабт шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо ба он кишвар маҳдуд кардаанд.