Агар академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, писари қозикалони Бухоро, зинда мебуд, ба синни 95 мерасид. Ӯ нӯҳ сол пеш дар шаҳри Душанбе даргузашт, аммо қабл аз он як муддат дар Теҳрон буд ва дар онҷо муолиҷа мегирифт.
Агар академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, писари қозикалони Бухоро, зинда мебуд, ба синни 95 мерасид. Ӯ нӯҳ сол пеш дар шаҳри Душанбе даргузашт, аммо қабл аз он як муддат дар Теҳрон буд ва дар онҷо муолиҷа мегирифт.
Дар Душанбе дили даҳҳо кӯдаки гирифтори нуқси модарзодиро бепул ҷарроҳӣ кардаанд. Мақомот гуфтанд, онҳо аз хонаводаҳои камбизоат ҳастанд. Ҷарроҳӣ бо кумаки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шудааст.
Мақомоти Беларус дар идомаи афзоиши фишор болои расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар, дастрасиро ба шабакаҳои телевизионии "Мавҷи Олмон" (Deutsche Welle) ва "Настоящее Время" (Current Time) маҳдуд карданд.
Мақомоти тандурустии Арманистон бо ишора ба афзоиши шумораи беморон ва қурбониёни коронавирус аз 1-уми ноябр пӯшидани ниқобро дар ҷойҳои боз дигарбора ҳатмӣ карданд.
Додгоҳи шаҳри Маскав қарори бегуноҳии Муртузалӣ Маҷидов, писари раиси пешини ҳукумати Доғистон Мухтор Маҷидовро дар робита ба куштори Томирис Байсафӣ, духтари қазоқистонӣ, бекор кард. Куштор дар баҳори соли 2018 сурат гирифта буд.
Раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи 20 ё бист кишвари саноатии ҷаҳон дар нишасти 30-юми октябр дар Рум дар бораи тағйири иқлим ва иқтисоди ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд.
Як таҳқиқот нишон додааст, ки бепарвоӣ нисбат ба дандонҳои кӯдакон дар Тоҷикистон сабаби густариши бемории кариес ё ба истилоҳи тоҷикӣ пӯсидани дандонҳо мешавад. Тафсилотро дар видео бинед.
Ҳамасола 30-юми октябрро дар Руссия ба унвони Рӯзи хотираи қурбониёни саркӯби даврони Шӯравӣ ҷашн мегиранд. Аз солҳои 1920 то 1950 миллионҳо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ “душмани халқ” эълон шуда, дар натиҷа зиндонӣ, кушта ва ба урдугоҳҳо фиристода шуданд.
Ҳамасола 30-юми октябрро дар Русия ба унвони Рӯзи хотираи қурбониёни саркӯби даврони Шӯравӣ ҷашн мегиранд. Аз солҳои 1920 то 1950 миллионҳо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ "душмани халқ" эълон шуда, дар натиҷа зиндонӣ, кушта ва ба урдугоҳҳо фиристода шуданд.
"Росстат" ё Оҷонси омори Русия гуфт, дар моҳи сентябри имсол дар ин кишвар ба камияш 44 ҳазору 265 нафар аз COVID-19 ва бемориҳои монанд ба он ҷон бохтаанд.
Ирина Славникова, намояндаи телевизиони "Белсат" дар Беларус, дар фурудгоҳи шаҳри Минск дастгир карда шудааст. Дар ин бора Алексей Дзикавитский, муовини мудири телевизион, 30-юми октябр дар Фейсбук хабар дод.
Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфт, ки 29 ҳамҷинсгарои Афғонистон ба ин кишвар расидаанд.
Душанбе ва Пекин будани пойгоҳи ҳарбии Чинро дар қаламрави Тоҷикистон рад карданд, вале дар бораи сохтмони иншооти нав дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон маълумот надоданд.
Шикоятҳои пайвастаи мардум, имсол ҳам такрор мешавад, ки боз нерӯи барқ нест. Имсол ҳатто дар бархе аз бемористонҳо дар ноҳияҳо нерӯи барқ хомӯш мешавад. Чаро?
Ҳукумати Узбекистон дар доираи як созиш бо ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканди он кишвар ду мактаби миёна месозад. Дар ин бора дар порлумони Қирғизистон хабар доданд.